Фахр дорам Тоҷикистон зодаам! (Ё хабар аз як синф)

Home / Фахр дорам Тоҷикистон зодаам! (Ё хабар аз як синф)
  Мафҳуми Исиқлолият- ин соҳибихтёрӣ, озодӣ, оромиву осоиштагӣ мебошад.  Мо кӯдакони  хушбахтем, зеро дар Ватане, ки сулҳу ваҳдаташ пойдор аст ба камол расида истодаем. Истиқлолияти кишвари мо ба синни 25 расид.  Ин ҷашни бошукӯҳ дар сатҳи кишварамон ботантана таҷлил гардид. Бахшида ба ин санаи таърихӣ мо дар синфамон дарси соати тарбиявӣ таҳти  шиори «Ҷашни Истиқлол дорад, Тоҷикистони азиз!»  гузаронидем. Доир ба ҷашни 25 соли Истиқллияти кишвари маҳбубамон Тоҷикистон ман  ва Фаршед маърӯза омода намудем, Зарина тавассути тахтаи электронӣ доир ба 25 соли Истиқлол лавҳа омода намуд.  Мухаммад, Ануша, Нилуфар, Сабрина ва Некрӯз  дар васфи Ватан ,Тоҷикистон, Истиқлолият шеърҳо қироат намуданд.  Нурия бо рақси зебои худ хотири моро шод намуд. Суруди якҷояи мо, ки «Мо ғунчаҳои  боғи  ту ҳастем, Ту гулфишонӣ мо гулпарастем. Бошӣ сарозод, эй  Тоҷикистон, Тоҷат ба сар бод, эй  Тоҷикистон!..... »  суруда шуд, ба ҳозирин хуш омад.  Сарвари мактабамон устод Зувайдуллозода М, ки бевосита дар дарси мо ширкат доштанд, бо забони англисӣ доир ба мавзӯи Истиқлолият  суҳбат гузарониданд. Ман орзу дорам, ки воқеаи нохуше, ки соли 1992   Тоҷикистонро фаро гирифтаасту мо тавассути тахтаи электронӣ ва суҳбати устодонамон воқиф шудем, ҳатто дар хобамон набинем. Ҳамеша дар кишвари азизамон Тоҷикистон, ба бахти мо кӯдакон ва миллати тоҷик осоиштагӣ пойдор бошад. Зиҳӣ Ватани дӯстдоштаниам  Тоҷикистон. …. Ҷовид бошӣ, эй мулки ҷовид, Ҳар рӯзи ту ҷашн, ҳар рӯзи ту ид. Бошӣ сарозход, эй Тоҷикистон, Тоҷат ба сар бод, эй Тоҷикистон!           Миҷгонаи  Давлатмурод, хонандаи ситнфи 5 «б»-и Мактаби байналмилалии Президентӣ дар ш. Душанбе

Leave a Comment

Web Design MymensinghPremium WordPress ThemesWeb Development