Кӯчактарин аъзои маҳфили «Рӯзноманигори ҷавон»

Home / Кӯчактарин аъзои маҳфили «Рӯзноманигори ҷавон»
  %d1%81%d0%bd%d0%b8%d0%bc%d0%be%d0%ba_2016_09_14_14_13_10_47

                              Мусо тӯй дорад!

  Рӯзе ҳазрати Мусо пайғамбар тӯй дошт. Як духтар бо номи Қумринисо гуфт: - Шумо ташвиш накашед. Ман ҳамаи меҳмонҳоро худам ба тӯй даъват мекунам. Мусо хурсанд шуда, розӣ мешавад. Қумринисо бошад бо дугонаҳояш бозӣ мекунаду фаромӯш мекунад, ки одамонро ба тӯй хабар   кунад. Тӯй сар мешавад ва ба тӯйи ҳазрати Мусо ҳеҷ кас  намеояд. Ҳазрати Мусо аз ин кори Қумринисо ғамгин шуда мегӯяд: - Илоҳо ба паранда табдил ёбиё то он лаҳзае, ки дунё ҳаст, Мусо тӯй дорад гуфта, гардӣ!   Аз ҳамон рӯз Қумринисо ба паранда табдил ёфта, дар болои боми одамон «Мусо тӯй дорад» гуфта мегардад. Ана дидед бачаҳо, ваъда ки додем бояд иҷро кунем!    

Афсонаи Шоҳин ва Каргас

Буд набуд як Шоҳин буд. Шоҳин хеле паррандаи нек ва ҳалолхӯр буд. Як рӯз Каргасҳои лошахӯр ба Шоҳин гуфтанд:    -Эй Шоҳини нодон, ба худ нигар, ту чӣ тавр ҳастӣ? Ту лоғарӣ, ту безебӣ, ҳа-ҳа-ҳа, хандаамон меояд ба ҳолат. Умри кам мебинӣ, боз ту худро зӯр мегирӣ. Беҳтараш ту биё бо мо мурдаи хар хӯр, саг хӯр, лоша хӯр, умри дароз мебинӣ, мисли  мо,  ҳаромхурӣ кун, зебо ва калон мешавӣ! Шоҳин гуфт: -Ман як сол  умр бинам ҳам, бо шумо лошахӯрон дӯстӣ намекунам. Ва Каргасҳо гуфтанд: -Мо бояд Шоҳинро бизанем, чунки моро таҳқир кард, ҳаромхӯр гуфт. Ва пагоҳ онҳо пинҳонӣ, маслиҳат карда, ба хонаи Шоҳин омаданд. Шоҳинро дар хонааш диданд, ки ӯ дар чагдонаш нони ҳалол мепухт. Каргасҳо оҳиста омада, аз почаю болҳояш қапиданд. Шоҳин ҷумбида наметавонист, каргасҳо ӯро мезаданду бо нӯлашон парҳояшро меканданд. Ӯ илоҷе надошт, ки раҳо шавад... Ногаҳон дар он ҷо ду уқоб ба шикор мерафтанд. Онҳо диданд, ки дар ҳавлии хешашон-Шоҳин каргаси бисёр ҷамъ шудааст. Онҳо гуфтанд: – Дар он ҷо чӣ гап бошад? Зани уқоби шикорчӣ зеҳн монда гуфт: – Уқобович, дар он ҷо хешатро мезананд. Уқобович гуфт:  –Занак хешонро бояд кӯмак кунем. Ва онҳо ҳамла карданд. Уқобҳо каргасҳои лошахӯрро заданд. Шоҳин пару болашро озод карда, аз ҷой хеста гуфт: – Раҳмат хешҳои ман. Шумо ба кори худ машғул шавед. Акнун ман медонам бо ин ҳаромхӯрон чӣ кор кунам. Баъд ӯ ба каргасҳо гуфт: -Эй, лошахӯрҳо, ба пеши ман биёед ман шуморо мекушам. Ва Каргасҳо ба ӯ боз ҳамла карданд. Шоҳин бошад, баланд парвоз карда, ба пеши офтоб рафта гуфт: – Эй офтоб ба ман қувват деҳ! Ва офтоб гуфт: – Ман ба ту қувва медиҳам. Каргасҳо то пеши офтоб рафта натавониста, монда шуданд ва аз роҳашон  баргаштанд. Дар ҳамин вақт Шоҳин аз баландӣ ба онҳо ҳуҷум кард.Ӯ бо пойҳояш, бо нӯлаш каргасҳоро гирифта, аз нӯки осмон ба замин мепартофт. Шоҳин дид, ки онҳо дар замин зада мемуранду нисфи дигарашон мегурезанд. Дар ғазаб шуда, ними онҳоро дар замин зада кушт ва гуфт: -Шоҳин ҳеч гоҳ нони ҳаром намехӯрад, барои ҳамин мо аз авлоди уқобем! ...Бачаҳои азиз мо бояд мисли каргасҳои ҳаромхӯр набошем. Мо бояд мисли Шоҳин  ҳалолхӯр бошем, машқ кунем, то ки душман ба мо зафар накунад.        

Муборизи Сайёф, хонандаи синфи 4-уми   

  Мактаби байналмилалии Президентӣ,

дар ш.Душанбе.Аъзои маҳфили

«Рӯзноманигори ҷавон».

                                   

Leave a Comment

Web Design MymensinghPremium WordPress ThemesWeb Development