Monthly Archives: Декабрь 2015

Home / 2015 / Декабрь

Суханронии Пешвои миллат

Соли нав бо пешвои миллат

   Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, имрӯз, 29 декабр дар шаҳри Душанбе изҳор дошт, ки беҳтар намудани шароити ятимону маъюбон ва бепарасторону фарзандони оилаҳои камбизоатро вазифаи аввалиндараҷаи худ медонад Раисиҷумҳури Тоҷикистон дар мактаби байналмилалии президентӣ зимни мулоқот бо тарбиятгирандагони мактаб-интернатҳо изҳор дошт: Ҳар боре, ки ба шаҳру навоҳии кишвар сафари корӣ анҷом медиҳад, аз зиндагӣ, шароит ва рӯзгори ятимону маъюбон маълумот гирифта, ҷиҳати беҳтар намудани вазъи моддиву техникии таълимгоҳҳои онҳо ба мақомоти дахлдор супориш медиҳам. Барои таъмиру азнавсозӣ ва бо таҷҳизоти зарурӣ таъмин кардани онҳо маблағ ҷудо карда, дастгириву ғамхории доимӣ ва сол аз сол беҳтар намудани шароити ин гурӯҳи осебпазири ҷомеаро вазифаи аввалиндараҷаи худ медонам”. Эмомалӣ Раҳмон аз он изҳори қаноатмандӣ намудааст, ки ҳамасола аксари хонандагони чунин муассисаҳо ба мактабҳои олии дохил ва хориҷи кишвар бомуваффақият дохил шуда, даҳҳо нафари дигарашон, аллакай, соҳиби ҷойи кору оила шудаанд ва ҳоло баробари дигарон зиндагии хушбахту саодатмандона доранд. Дафтари матбуоти раисиҷумҳур мегӯяд, зимни ин мулоқот Эмомалӣ Раҳмон зикр намудааст, ки мардуми инсондӯсту хайрхоҳи мо ҳиммату саховат ва расонидани ёрмандӣ ба ниёзмандонро нишонаи адои фарзи инсонӣ медонанд: “Ман чунин меҳисобам, ки дасти сахо доштан яке аз беҳтарин хислатҳои неки инсонӣ буда, дар тарғиби ғояҳои инсондӯстӣ, ҷавонмардӣ ва саховатпешагӣ дар байни ҷомеа нақши бузург мебозад” Ба иттилои манбаъ, Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо хонанадагон таъкид намудааст, ки “вақт собит сохт, ки аксари ятимону шахсони таҳти сарпарастии давлат қароргирифта ҳамчун мутахассисони соҳибкасбу босавод ба камол расида, дар пешрафти кишвари азизамон ҳиссаи худро гузоштаанд ва ифтихори Ватану сарзамини муқаддаси худ гардидаанд”. Раисиҷумҳури Тоҷикистон дар охир, тамоми хонандагони кишварро бо фарорасии Соли нави мелодӣ табрику таҳният гуфта, саломатӣ, умри дароз ва хушбахтӣ орзу намудааст.  

Аз эҷодиёти аъзоёни маҳфили “Рӯзноманигори ҷавон”

Снимок_2016_05_03_13_15_07_255

Алиҷон Рамхудоев, хонандаи

синфи 8-уми Мактаби

байналмилалии Президентӣ 

дар ш. Душанбе

 Баҳор

Фасли бахорон омад,

Борони найсон омад.

Дар пуштаву ёлаҳо,

Лола фаровон омад.

Бо сози мурғон омад,

Бо найи чӯпон омад.

Хушрангу хушлатофат,

Шоду хиромон омад.

Кӯдакон шоду хандон,

Дилҳояшон пурармон.

Рақсу шодӣ мекунанд,

Мисли булбул ғазалхон.

Снимок_2016_05_03_13_35_05_878

 

Саидмуҳаммади Сайидмумин,

хонандаи синфи 7-уми

Мактаби байналмилалии

Президентӣ дар ш. Душанбе

 

Чукрӣ

Чукрӣ давои ҷон аст,

Ба сад дарде дармон аст.

Бо файзи худ табиат,

Кунад моро табобат.

Снимок_2016_04_20_15_04_17_790
Сабрина Маҳмудова, хонандаи
синфи 7-уми Мактаби байналмилалии
Президентӣ дар ш.Душанбе

Меҳри модар

     Модар шахси муқаддас аст. Модар-зимни ба забон овардани ин панҷ ҳарф чӣ қадар меҳру муҳаббат ва садоқат ниҳон аст. Дар олам муқаддастар аз модар мавҷудоте нест. Ҳастии ӯст, ки мо ба дунё омадаву умр ба сар мбарем. Модар-ту  чашмаи ҳаёти инсон ҳастӣ ва ҳаёти инсон ба ту вобастаасту  мо аз он чашма обҳои ширину мусаффо менӯшем. Бе ту ҳеҷ баҳоре зебо ва ҳеҷ тирамоҳе пурфайз нахоҳад  буд. Модарам ту ягона вуҷудаму рафиқам ҳастӣ! Ту худ ҷон ба каф гирифта, маро ба дунё овардӣ, дар сари гаҳвораам  бо  хоби ширин даст ба гиребон шудӣ. Ҳамаи ашёи олам зебост, аммо модар аз тамоми мавҷудоти олам зеботару волотар аст! 
Web Design MymensinghPremium WordPress ThemesWeb Development