Соли нав бо пешвои миллат

Home / Соли нав бо пешвои миллат

Соли нав бо пешвои миллат

   Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, имрӯз, 29 декабр дар шаҳри Душанбе изҳор дошт, ки беҳтар намудани шароити ятимону маъюбон ва бепарасторону фарзандони оилаҳои камбизоатро вазифаи аввалиндараҷаи худ медонад Раисиҷумҳури Тоҷикистон дар мактаби байналмилалии президентӣ зимни мулоқот бо тарбиятгирандагони мактаб-интернатҳо изҳор дошт: Ҳар боре, ки ба шаҳру навоҳии кишвар сафари корӣ анҷом медиҳад, аз зиндагӣ, шароит ва рӯзгори ятимону маъюбон маълумот гирифта, ҷиҳати беҳтар намудани вазъи моддиву техникии таълимгоҳҳои онҳо ба мақомоти дахлдор супориш медиҳам. Барои таъмиру азнавсозӣ ва бо таҷҳизоти зарурӣ таъмин кардани онҳо маблағ ҷудо карда, дастгириву ғамхории доимӣ ва сол аз сол беҳтар намудани шароити ин гурӯҳи осебпазири ҷомеаро вазифаи аввалиндараҷаи худ медонам”. Эмомалӣ Раҳмон аз он изҳори қаноатмандӣ намудааст, ки ҳамасола аксари хонандагони чунин муассисаҳо ба мактабҳои олии дохил ва хориҷи кишвар бомуваффақият дохил шуда, даҳҳо нафари дигарашон, аллакай, соҳиби ҷойи кору оила шудаанд ва ҳоло баробари дигарон зиндагии хушбахту саодатмандона доранд. Дафтари матбуоти раисиҷумҳур мегӯяд, зимни ин мулоқот Эмомалӣ Раҳмон зикр намудааст, ки мардуми инсондӯсту хайрхоҳи мо ҳиммату саховат ва расонидани ёрмандӣ ба ниёзмандонро нишонаи адои фарзи инсонӣ медонанд: “Ман чунин меҳисобам, ки дасти сахо доштан яке аз беҳтарин хислатҳои неки инсонӣ буда, дар тарғиби ғояҳои инсондӯстӣ, ҷавонмардӣ ва саховатпешагӣ дар байни ҷомеа нақши бузург мебозад” Ба иттилои манбаъ, Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо хонанадагон таъкид намудааст, ки “вақт собит сохт, ки аксари ятимону шахсони таҳти сарпарастии давлат қароргирифта ҳамчун мутахассисони соҳибкасбу босавод ба камол расида, дар пешрафти кишвари азизамон ҳиссаи худро гузоштаанд ва ифтихори Ватану сарзамини муқаддаси худ гардидаанд”. Раисиҷумҳури Тоҷикистон дар охир, тамоми хонандагони кишварро бо фарорасии Соли нави мелодӣ табрику таҳният гуфта, саломатӣ, умри дароз ва хушбахтӣ орзу намудааст.  

Leave a Comment

Web Design MymensinghPremium WordPress ThemesWeb Development