Yearly Archives: 2017

Home / 2017

Ҷашни Истиқлол дорад Тоҷикистони азиз!

Омӯзгорону хонандагони Муассисаи таълимии давлатии “Мактаби байналмилалии Президентӣ” дар шаҳри Душанбе 26-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ботантана таҷлил намуданд. Сараввал директори мактаб Зувайдуллозода М.Ҳ. баромад намуда, ҳозиринро бо ин ҷашни таърихӣ табрик кард. Ӯ таъкид намуд, ки насли навраси имрӯз,  ба қадри оромиву ободии Тоҷикистони азиз бирасанд ва ба муқаддасоти он арҷ гузоранд. Сипас устоди собиқадор Миралиев Мирзоалӣ баромад намуда, Истиқлолияти комили Тоҷикистонро дастоварди беназири даврони соҳибистиқлолии кишвари азизамон ҳисобид. Сарвари мактаб Зувайдуллозода Муҳибулло Ҳабибуллоро, ки ба ифтихори 26-умин солгарди Истиқлолияти давлатӣ, аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат-Президенти кишварамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо “Медали шоиста” қадрдонӣ гардидаанд, аз номи омӯзгорону хонандагон табрик намуд. Намоиши филми “Марде аз сарнавишт” ва барномаи фарҳангӣ, таҳти унвони “Ҷашни Истиқлол дорад, Тоҷикистони азиз!” манзури ҳозирин гардонида шуд.

Таҷлил аз «Рӯзи Дониш»

  Дар Муассисаи таълимии давлатии «Мактаби байналмилалии Президентӣ» дар шаҳри Душанбе «Рӯзи Дониш» таҷлил гардид. Дар ифтитоҳи ҷамъомад директори  мактаб Зувайдуллозода Муҳибулло Њабибулло устодону шогирдонро бо фарорасии соли нави таҳсил табрик намуда, қайд кард, ки имсол 60 нафар хонандагони синфи 1-ум бори аввал қадам ба остонаи мактаб гузоштанд. Латофат Назирӣ- муовини вазири маориф ва илми Љумҳурии  Тоҷикистон баромад намуда., аз хатмкунандагони мактаб даъват ба амал овард, ки мактабро бо баҳои хубу аъло ва рафтори намунавӣ хатм карда, барои дохил шудан ба донишгоҳҳои дохил ва хориҷи кишвар  ҷиддӣ омодагӣ бубинанд. Мавсуф ба устодону шогирдони мактаб барои ноил шудан ба комёбиҳои назаррас бурдбориҳо таманно  кард. Хонандагони синфи якум  бо хондани шеърҳои гуногун бо забонҳои тоҷикиву русӣ ва англисӣ хотири ҳозиринро шод намуданд. Садои  занги аввал хонандагонро  ба омӯзиши «Дарси сулҳ» ва оғози соли нави  таҳсил ҳидоят намуд.  

Ҳарфи аввалро ба номи сулҳ аз бар мекунем!

  Омӯзгорону хонандагон ва кулли кормандони Муассисаи таълимии давлатии “Мактаби байналмилалии Президентӣ”  дар шаҳри Душанбе баромади Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро, ки тариқи тамоми шабакаҳои телевизионӣ мустақиман пахш гардид, дар толори фарҳангии муассиса тамошо намуда,  аз баромади Президенти кишвар руҳу илҳоми тоза гирифтанд.  “Дарси сулҳ” ки ба  истиқболи “Рӯзи Дониш” бахшида шуда буд, бори дигар собит намуд, ки Пешвои муаззами мо ба соҳаи маориф таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, мавқеи омӯзгорро дар мадди аввал мегузоранд.Баланд бардоштани малакаву маҳорати мутахассисони фанҳои дақиқ, ба роҳ мондани дарси шоҳмотбозӣ ва ҷорӣ гардидани омӯзиши ҳунарҳои миллӣ дар дарсҳои технология, иқдоми саривақтӣ буда, аз ҷониби омӯзгорону хонандагони мо хуб пазируфта шуд. Баъд аз анҷоми баромади ҷаноби Олӣ, директори мактаб Зувайдуллозода Муҳибулло Ҳабибулло баромад намуда, хонандагонро барои баланд бардоштани савияи дониш, иштирок дар Олимпиадаҳои гуногуни дохилӣ ва байналмилалӣ талқин намуд. Мавсуф инчунин зикр кард, ки барои баланд бардоштани сатҳи дониши хонандагон дар соли таҳсили 2017-2018 беҳтарин омӯзгорони ватаниву хориҷӣ ба кор ҷалб карда шудаанд. Шогирдони мактаб бояд аз имкониятҳои мавҷуда самаранок истифода намуда, аз пайи сайқал додани дониш бошанд. Табрикоти директори мактаб Зувайдуллозода Муҳибулло    Ҳабибулло бахшида ба “Рӯзи Дониш” Ассалому алайкум меҳмонони муҳтарам, падару модарони азиз, омӯзгорони мушфиқу ғамхор ва шогирдони гиромӣ! Мову Шумо дар арафаи ҷашни бузурги таърихӣ, 26-умин солгарди Истиқлолияти давлатии  кишвари азизамон Тоҷикистон қарор дорем. Тоҷикистони ҳамешабаҳори мо, дар тӯли 26 соли соҳибистиқлолӣ ба комёбиҳои назаррас ноил гардидааст. Соҳаи маориф ҳамчун соҳаи афзалиятнок ба ҳисоб меравад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти кишварамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маорифро омили муҳимтарини наҷоти миллат ва таҳкими давлат меҳисобанд. Дар баромади навбатиашон, ки 30-юми августи соли равон бахшида ба “Рӯзи Дониш” дар Академияи Вазорати корҳои дохилӣ ироа  гардид ва аксарияти мову Шумо тариқи шабакаҳои телевизионӣ тамошо намудем, бори дигар собит намуд, ки Пешвои муаззами мо ба Шумо насли навраси ояндасоз пайваста ғамхорӣ зоҳир менамоянд. Ҳамасола дар кишвари азизи мо, Тоҷикистон 1-уми сентябр ҳамчун “Рӯзи Дониш” таҷлил карда мешавад. Мову Шумо дар арафаи соли нави таҳсили 2017-2018 қарор дорем. Имсол дар Муассисаи таълимии давлатии “Мактаби байналмилалии Президентӣ” дар шаҳри Душанбе 60 нафар дӯстрӯякон ба синфи 1-ум қабул шудаанд. Хонандагони синфи 1-ум аз олами кӯдакӣ ба дунёи донишу хирад ворид мешаванд. Ин хурдаракони азизи моро омӯзгорони ботаҷрибаву эҷодкор ва навовари ватаниву хориҷӣ дар мактаби мо дониш меомӯзанд. Хонандагони синфи 1-умро, ки бори аввал қадам ба остонаи мактаби мо гузоштаанд аз номи ҳамаи Шумо хайрамақдам гуфта, барои омӯзиши дониш барояшон комёбиҳо таманно менамоям. Омӯзгорону хонандагони азиз! Шуморо бо фарорасии соли нави хониш табрик намуда, бароятон комёбиҳои назаррасро хоҳонам. Орзу дорам, ки шумораи ғолибони Олимпиада дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам фузун шавад.“Рӯзи Дониш” ва “Иди Қурбон” ба ҳамаи Шумо муборак бошад!  

Кӯдакон-гулҳои ҳаёти мо

  Ба  ифтихори Рӯзи байналмилалии муҳофизати кӯдакон дар Муассисаи таълимии давлатии «Мактаби байналмилалии Президентӣ» дар шаҳри Душанбе чорабинии фарҳангӣ баргузор гардид. Дӯстрӯякони кӯдакистон бо хондани шеъру суруд ва рақсҳои дилнишин хотири ҳозиринро болида намуданд. Шодиву нишоти  падару модарон, омӯзгорон ва махсусан кӯдакон ҳадду канор надошт. Беҳтарин иштирокчиён аз тарафи сарвари мактаб Зувайдуллозода М.Њ. бо. ифтихорнома ва  туҳфаҳои хотиравӣ қадр гардиданд.

ФОРУМИ ҶАВОНОН

  Дар арафаи Иди ҷавонон бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон, Кумитаи иҷроияи Њизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ва Муассисаи таълимии давлатии «Мактаби байналмилалии Президентӣ»,  Форуми ҷавонони ноҳияи Сино таҳти унвони «Ояндаро бо ҳам месозем!» баргузор гардид. Форум аз 6 бахш иборат буд.Њар як бахш  ҳаёти пур аз шодиву нишоти ҷавонони кишварро инъикос менамуд. Љавонон дар  озмуни иншои беҳтарин дар мавзӯи озод навиштаҳояшонро  пешниҳод намуда, инчунин  дар озмуни  расм дар рӯйи асфалт, мусобиқаҳои гуногуни варзишӣ ширкат намуданд. Бо  рақсҳои ҷолибу сурудҳои дилнишин хотири иштирокчиёни форумро болида гардониданд. Суханҳои пурмуҳтаво ва табрикотии  шахсиятҳои маъруфи кишвар  Руқия Атоӣ, Мирзошохрух  Асрорӣ, шоира - Меҳринисо Бобобекова,  Бобоҷониён Раънохон Маҳмудзода, Раҳмонзода Зоир Файзулло ва дигарон барои ҷавонон хеле таъсирбахш ва хотирмон буд. Форуми ҷавонони ноҳияи Сино дар фазои дӯстию рафоқат ҷамъбаст гардида, ғолибони бахшҳо бо туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ шуданд.

ДУ ХУШХАБАР

  Нимаи  авали моҳи май  барои омӯзгорону хонандагони Муассисаи таълимии давлатии «Мактаби байналмилалии Президентӣ»  бобарор буд. Фарзона Саидова ва  Маҳина  Насруллоева дар  Олимпиадаи лоиҳавии  байналмилалӣ аз фанни биология, ки дар шаҳри Хюстони Иёлоти  Муттаҳидаи Амрико миёни  24 давлати Амрико ва 36 давлати дунё доир гардид, фаъолона иштирок намуданд. Дар ин Олимпиада 520  лоиҳа пешниҳод  шуд, хонандагони мо лоиҳаи навро оид ба мавзӯи «Рафъи камхунӣ тибқи табобати табии барои баланд бардоштани  иммунитет ва пешгирӣ намудани бемории саратон» пешниҳод намуда,  сазовори ҷойи дуюм ва соҳиби медали нуқра гардиданд. Инчунин 18 нафар хонандагони мактаб  дар Конфиренсияи илмӣ эҷодии мактаббачагони шаҳри Душанбе ширкат намуда, 15 нафар ғолибият ба даст оварданд, ки аз он 3 нафар соҳиби Дипломи дараҷаи 1-ум, 6 нафар соҳиби Дипломи дараҷаи  2-юм ва  6 нафар  соҳиби  Дипломи дараҷаи сеюм гардиданд. Мо таманно мекунем, ки дастоварду комёбиҳои  Мактаби байналмилалии Президентӣ  аз ин ҳам бештар бошад.

Таҷлил аз «Рӯзи Ғалаба»

  Асрҳо мегузаранд, аммо қаҳрамонию ҷонфидоии фарзандони тоҷик дар майдони Ҷанги Бузурги Ватанӣ фаромӯш нахоҳад шуд. Ба ифтихори «Рӯзи Ғалаба» дар Муассисаи таълимии давлатии «Мактаби байналмилалии Президентӣ»  дар шаҳри Душанбе ҷамъомад доир гардид. Сараввал муовини директор оид ба корҳои тарбиявӣ Шоев М. ҳозиринро ба ифтихори 72-юмин солгарди «Рӯзи Ғалаба» табрик намуд. Сипас хонандагони мактаб бо шеъру сурудҳои дилнишин хотири ҳозиринро болида намуданд. Машқи ҳарбӣ зери навои мусиқӣ дар иҷрои хонандагони синфи 1-ум ва мусобиқаи ба қисмҳо  ҷудо ва ҷамъ  намудани  яроқи худкори калашников бо иштироки хонандагони синфҳои болоӣ хеле хотирмон буд. Суруди «Аё Тоҷикистони озоди ман!..» дар иҷрои хонандагони синфи 6-ум ба ҷамъомад ҳусни анҷом бахшид. Таҷлили «Рӯзи Ғалаба» бори дигар собит менамояд, ки миллати тоҷик қаҳрамонони майдони ҷангро ҳеҷ гоҳ фаромӯш нахоҳанд кард.

Хушхабар аз Бухарест

Аз 28-уми апрел то 1-уми майи соли равон дар шаҳри Бухарести давлати Руминя Олимпиадаи лоиҳавии байналмилалии «INFOMATRIX- 2017» аз фанни технологияи информатсионӣ доир гардид. Дар ин Олимпиада 14 нафар хонандагони тоҷик Тоҷикистонр дар байни 45 давлати дунё муаррифӣ намуда, аз ин Олимпиада бо комёбиҳои назаррас ба Ватан баргаштанд. Хонандагони тоҷик бо иштирокашон дар Олимпиадаи мазкур 2 медали тилло , 2 медали нуқра ва 10 медали биринҷӣ ба даст оварданд. Аз Муассисаи таълимии давлатии Мактаби байналмилалии Президентӣ дар шаҳри Душанбе 2 нафар хонандагон: Бобоев Садамбек хонандаи синфи 10 ва Зувайдуллозода Анушервон хонандаи синфи 9 бо пешниҳод намудани лоиҳаи илмиашон оид ба мавзӯи «Барномаи ибораҳои англисӣ- тоҷикӣ барои телефонҳои мобилии андроид» сазовори ҷойи сеюм шуда, бо медали биринҷӣ сарфароз гардиданд, барномаи пешниҳоднамудаи хонандагони мо ҳамчун тарҷумон хизмат мерасонад.

Маҳфили ширу шакар

  Дар рӯзҳои баргузории Олимпиадаи ҷумҳуриявӣ, ки дар Мактаби байналмилалии Президентӣ доир гардид, як қатор чорабиниҳои фарҳангиву фароғатӣ гузаронида шуд. Маҳфили ширу шакар, ки бо роҳбарии шоири ширинкалом, устод  Хайрандеш баргузор гардид  хеле хотирмон буд. Дар маҳфил на  танҳо шогирдон, балки устодон низ ширкат намуданд. Қироати шоҳбайтҳои беҳтарин аз ашъори бузургон, таҳлили зарбулмасалу мақолҳо, байтбараку нақли латифаҳои дилкаш ба маҳфил ҳусни тоза зам намуд. Қироати шеърҳои эъҷоднамудаи шогирдон Аниса аз ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, Фаридун аз шаҳри Конибодом, Изатулло аз шаҳри Қӯрғонтеппа, аз тарафи шоири маҳбуб Хайрандеш хуб арзёбӣ гардид.  Инчуни дар давоми 3 рӯзи баргузории Олимпиада шогирдону омӯзгорони Мактаби байналмилалии Президентӣ дар шаҳри Душанбе, Литсей интернати президентӣ дар шаҳри Душанбе ва Мактаби президентии ноҳияи Ҳисор бо пешниҳод намудани беҳтарин барномаҳои фарҳангиву фароғатӣ хотири меҳмононро болида намуданд. Доир намудани чунин чорабиниҳо дӯстии байни хонандагони минтақаҳои гуногуни кишварро мустаҳкам намуда, падидаҳои нави эҷодиро эҳё мекунад.  

Фахри мо

  Дар шаҳри Алмаатои Ҷумҳурии Қазоқистон Олимпиадаи байналмилалии лоиҳавии  «INFORMATRIXASIA- 2017» аз фанни технологияи информатсионӣ баргузор гардид .40 нафар хонандагони тоҷик, кишвари моро миёни 400 нафар иштирокчиён, ки 13 давлати Осиёву Аврупоро намояндагӣ мекарданд, муаррифӣ намуданд. Боиси ифтихори мост, ки хонандагони тоҷик бо пешниҳоди  лоиҳаҳои илмӣ ва супоридани тест донишу маҳорат нишон дода, ба комёбиҳои назаррас ноил гардиданд. Аз Муассисаи таълимии давлатии «Мактаби байналмилалии Президентӣ» дар шаҳри Душанбе  4 нафар хонандагони синфи 10-ум  дар Олимпиадаи мазкур ширкат варзида, 2 лоиҳаи навро  доир ба  мавзӯҳои  «Роҳҳои нақлиёти мусофиркаш» ва  «Тестҳои ғайриинтернетӣ » пешниҳод намуданд. Ҳоҷимуроди Ҳоҷимурод ва Ҳалимов Исмоил  сазовори ҷойи 1-ум ва соҳиби медали тилло,  Давлатов Афшин ва Саидов Саҳобиддин сазовори ҷойи дуюм шуда, бо медали нуқра сарфароз гардиданд. Дар ин Олимпиада хонандагони тоҷик   соҳиби 2 медали тилло,  8 медали нуқра, 12 медали биринҷӣ гардиданд. Сарфарозии омӯзгорону хонандагони мактаби мо дар он аст, ки шогирдони мактаб бори дигар обрӯву нуфузи  Тоҷикистонро дар арсаи ҷаҳон баланд бардошта, аз ин Олимпида бо медалҳои тилло ва нуқра ба Ватан баргаштанд.
Web Design MymensinghPremium WordPress ThemesWeb Development