Рӯдакӣ рафту монд ҳикмати ӯй…

Home / Рӯдакӣ рафту монд ҳикмати ӯй…

Рӯдакӣ рафту монд ҳикмати ӯй…

  Дар Муассисаи таълимии давлатии «Мактаби байналмилалии Президентӣ»  дар шаҳри Душанбе,  ба  ифтихори «Рӯзи Рӯдакӣ», Конфронси илмию адабӣ доир гардид. Конфронсро  директори  мактаб  Зувайдуллозода М.Х. ҳусни оғоз  бахшида, доир ба мавзӯи «Ашъори пандуахлоқии Рӯдакӣ  дар тарбияи насли наврас» баромад  намуд  ва хонандагонро барои омӯзиши ашъори  безаволи устод  Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ ҳидоят кард. Роҳбари иттиҳодияи методии фанҳои забон ва адабиёти тоҷик  Саидов Ф.А.  доир ба мавзӯи        «Рӯдакӣ-қофиласолори назми форсӣ» маърӯза намуд.  Бибиҷон Қамарова, хонандаи синфи 7 -ум тавассути тахтаи электронӣ маълумоти мухтасари  омоданамудаашро  доир  ба  рӯзгор ва осори  сардафтари адабиёти  классикии форсу тоҷик манзури ҳозирин гардонд. Суруду таронаҳои дилнишин, қироати панду андарз, шеъру қасида ва саҳначаҳои ҷолиб аз ашъори безаволи устоди каломи форсу тоҷик  хеле дилнишин ва хотирмон буданд.

Leave a Comment

Web Design MymensinghPremium WordPress ThemesWeb Development