Daily Archives: 04.11.2017

      Конститутсия- бахтномаи миллат

  Бахшида ба рӯзи  Конститутсияи  Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Муасисаи таълимии давлатии  «Мактаби байналмилалии Президентӣ» чорабинии  бошукуҳ  баргузор гардид. Омӯзгори фанни асосҳои давлат ва ҳуқуқ Раҳимов Саидкарим доир ба Конститутсияи Љумҳурии Тоҷикистон  боб ва моддаҳои  он маълумоти мухтасар ва мукаммал пешниҳод кард.Сипас  устоди фанни таърих ва ҳуқуқ Иматов Манучеҳр дар байни хонандагон  озмуни зеҳнӣ гузаронд ва ғолибони озмун бо туҳфаҳо қадрдонӣ карда шуданд.Дар фарҷоми чорабинӣ барномаи фарҳангӣ пешкаши ҳозирин гардонида шуд.  Аз ҷониби хонандагони синфҳои 5-6  доир ба мавзуҳои Ватан, Тоҷикистон  сурудҳои дилнишин пешниҳод  гардид.

Нахустин ҳамоиши ғолибони олимпиадаҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ

  Дар Муассисаи таълимии давлатии «Мактаби байналмилалии Президентӣ»  дар шаҳри Душанбе ба ифтихори «Соли ҷавонон»  ва «Рӯзи забони давлатӣ» бо ибтикори  Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумути ҷумҳурӣ нахустин ҳамоиши ғолибони олимпиадаҳои  ҷумҳуриявию байналмилалӣ таҳти унвони «Саҳми Пешвои миллат дар ҳифз ва гиромидошти забони тоҷикӣ ҳамчун сарвати бебаҳои миллат ва давлат»  доир гардид. Ҳамоишро раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш Аҳтам Абдуллозода ҳусни оғоз  бахшида, таъкид намуд, ки «Ҳамоиши мазкур бо раҳнамоиву ҳидоятҳои Пешвои миллат ба хотири дастгирӣ, ҳавасмандгардонӣ, қавигардонии дӯстии ҷавонони минтақаҳо ва ба ин васила пайдо намудани истеъдодҳо ва рушди онҳо аз  иқдомоти арзанда дар роҳи муаррифии  ҷавонону наврасони донишманд, муҳассилини болаёқати  муассисаҳои таълимми кишварамон хоҳад буд. Эълон гардидани «Соли ҷавонон» имконияти хеле хуби татбиқнамоии  тамоми ҳадафҳо ва орзуҳои ҷавонист». Муовини вазири маориф  ва илми Ҷумҳурии  Тоҷикистон Латофат  Назирӣ баромад намуда,  зикр кард,  ки дар соли хониши 2016-2017  ва  ибтидои соли хониши 2017-2018 шогирдони мактабҳои мо тавонистанд, ки дар 19 олимпиадаҳои байналмилалии фаннӣ ва лоиҳавӣ  дар кишварҳои Русия, Руминя, Булғория, Ҳиндустон, ИМА ва дигар давлатҳо ширкат карда, Парчами ҷумҳурии моро баланд бардоранд. Гавҳар Шарофзода, раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати ҷумҳурӣ, роҷеъ ба нақш ва бузургдошти забони тоҷикӣ баромад намуда бо ифтихор қайд кард, ки дар ҷаҳон беш аз  7 ҳазор  забон мавҷуд  аст, ки тибқи сарчашмаҳо  забони тоҷикӣ дар   зинаи 23-юм қарор дорад.Аз ҳамин беш аз ҳазор забоне, ки дар дунё ҳаст, танҳо 100 забон мақоми давлатӣ дорад, ки забони тоҷикӣ аз ҷумлаи онҳост. Ў иброз дошт, ки имрӯз дар олам 300  миллион гӯяндагон бо забони тоҷикӣ ҳарф мезананд. Бояд насли наврас ба қадри шаҳомату ширинии забони тоҷикӣ бирасанд ва онро чун  яке аз арзишҳои миллӣ ҳифз намоянд. Зувайдуллозода Муҳибулло Ҳабибулло, директори  Мактаби байналмилалии Президентӣ баромад намуда, доир ба дастоварҳои хонандагони мактаб дар соли таҳсили 2016-2017  қайд кард, ки яке аз шогирдони мактаби мо Камила Шаҳидова дар олимпиадаи байналмилалӣ аз фанни забони русӣ ширкат намуда, сазовори Шоҳҷоиза гардидааст. Дар интиҳои чорабинӣ барномаи фарҳангии хонандагони Мактаби байналмилалии Президентӣ, Литсей интернати  Президентӣ дар шаҳри Душанбе ва мактаби Президентии  ноҳияи Њисор манзури ҳозирин гардонида  шуд. Шарофати Ширинбахт      

Mehrgon holiday

  On October 23 Mehrgon Exhibition was conducted by teachers and students of primary grades. The Exhibition was organized so beautiful and eye-catching with ornament of «Golden Autumn» richness as fruits, vegetables, different kind of seeds and golden leaves of trees and bushes. Also the wallpapers surrounding the exhibition were the sign of beauty of the harvest time.  All the school staff and visitors enjoyed the exhibition and it gave a lot of joy to the primary grade students then all the others. Kudratova Gulafruz
Web Design MymensinghPremium WordPress ThemesWeb Development