Бозии рафиқона

Home /       Бозии рафиқона

      Бозии рафиқона

  Бо ташаббуси Маркази ҷумҳуриявии «Муассисаи таҳсилоти иловагӣ» - и назди Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар Муассисаи таълимии давлатии «Мактаби байналмилалии Президентӣ»  дар  шаҳри Душанбе, дар давраи  таътили зимистона, мусобиқаи «Футболи хурд дар байни наврасон»  доир  гардид. Дар мусобиқаи мазкур 15 даста аз муассисаҳои  таҳсилоти иловагӣ, мактабҳои президентӣ, литсею гимназияҳо ва муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Душанбе ва  ноҳияҳои тобеи марказ  иштирок  намуданд. Мусобиқа рӯзи 31-уми январ ҷамъбаст гардид. Дар бозии финалӣ дастаи футболбозони Мактаби байналмилалии Президентӣ бо дастаи маркази таҳсилоти иловагӣ дар ноҳияи Сино сабқат намуданд. Дар натиҷа дастаи футболбозони «Мактаби байналмилалии Президентӣ» дар шаҳри Душанбе бо расонидани 9 гол ба дарвозаи ҳариф ғалаба ба даст оварданд. Мусобиқа ҷамъбаст гардил. Дастаи футболбозони «Мактаби байналмилалии Президентӣ» дар шаҳри Душанбе сазовори ҷойи 1-ум, дастаи  Маркази таҳсилоти иловагӣ дар ноҳияи Сино ноили ҷойи 2-юм ва  дастаи Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанебе сазовори ҷойи  3- юм  гардиданд. Ғолибони мусобиқа, бозингари беҳтарин, ҳимоятгари беҳтарин бо туҳфаву ифтихорномаҳо сарфароз гардиданд.

Leave a Comment

Web Design MymensinghPremium WordPress ThemesWeb Development