Monthly Archives: Апрель 2018

Home / 2018 / Апрель

Эълон

  Муассисаи таълимии давлатии «Мактаби байналмилалии Президентӣ» дар шаҳри Душанбе қабули хонандагонро дар соли таҳсили 2017-2018 эълон менамояд. Муассисаи мазкур дорои шароитҳои муосири таълимӣ буда, дар он ду китобхона, ошхонаи барҳаво, маҷлисгоҳ, варзишгоҳ ва толорҳои варзишӣ, хобгоҳ барои хонандагону омўзгорон, бунгоҳи тиббӣ, синфхонаҳои лингафонию компютерӣ, лабараторияҳо ва кабинетҳои фаннӣ амал мекунад.Забони таҳсил англисӣ буда, он дар асоси барномаҳо ва стандартҳои милливу байналмилалӣ фаъолият менамояд. Дар мактаб омўзгорони ватаниву хориҷӣ бо истифода аз усулҳои  фаъоли таълим дарс мегўянд. Мактаб дорои имконияти хуби омодагӣ ва ширкат дар Олимпиадаҳои байналмилалӣ буда, шогирдони мактаби мо борҳо дар Олимпиадаҳои ҷаҳонӣ ширкат намуда, обрӯи  Тоҷикистонро дар арсаи ҷаҳон баланд бардоштаанд. Мехоҳед фарзандони Шумо низ дар Олимпиадаҳои байналмилалӣ ғолибиятро ба даст оварда, дар мактабе ҷавобгў ба стандартҳои ҷаҳонӣ таҳсил намояд, пас шитобед ба Мактаби байналмилалии Президентӣ! Суроғаи мо: шаҳри Душанбе, маҳаллаи Меҳробод, кўчаи Карамов 101, дар шафати Колеҷи варзишӣ. Телефонҳо барои тамос:907 754 504 985 123 115 (37) 8845208                  

Фахри мо

  Боиси фахри мост,  ки 6 нафар хонандагони «Мактаби байналмилалии Президентӣ» дар шаҳри Душанбе  Давлатова Фараҳноз, Усмонова Фирӯза, Маҳмуродова Сабрина, Бахтиёрзода Ясмина, Лутфуллоева  Севинч  ва Сафарова Ориёна бо иштирокашон дар  олимпиадаи байналмилалии «MIYIO», аз фанни химия ва биология, ки дар шаҳри  Кидаҳи кишвари Малайзия доир гардид фаъолона иштирок намуданд. Дар олимпиадаи мазкур  500 нафар  аз 15 кишвари дунё ширкат  варзиданд. Хонандагони мо аз ин олипиада 2 медали тилло ва 4  медали нуқра ба даст оварда, парчами кишвари азизамон    Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ баланд афрохтанд.

Хушхабар аз Қазоқистон

Хонандагони  Муассисаи таълимии давлатии «Мактаби байналмилалии Президентӣ»  дар шаҳри Душанбе дар Олимпиадаи байналмилалии «Informatrix  Asia-2018», аз  фанни технологияи информатсионӣ , ки дар шаҳри Алмаатои  Ҷумҳурии  Қазоқистон доир гардид фаъолона иштирок намуданд. Дар  олимпиадаи мазкур намояндагони  15 давлати Осиё ширкат варзиданд. Хонандагони синфи 11-ум Абдураҳмони Ҷомии Хоҷамир,  Умаралиев Ромиш ва Сайдуллоев Азизҷон бо пешниҳод намудани лоиҳаашон доир ба мавзӯи  «Forgotten Culture»  сазовори ҷойи якум ва соҳиби медали тилло гардиданд. Хонандагони синфи 10-ум Сафаралӣ Гулмаҳмадзод, Соҳибов Суҳайл ва Шарифзода Шараф бо пешниҳод намудани лоиҳаашон оид ба мавзӯи  «Battery of  life»  сазовори ҷойи сеюм ва соҳиби медали биринҷӣ гардиданд.
Web Design MymensinghPremium WordPress ThemesWeb Development