Боиси фахри мост, ки 6 нафар хонандагони «Мактаби байналмилалии Президентӣ» дар шаҳри Душанбе Давлатова Фараҳноз, Усмонова Фирӯза, Маҳмуродова Сабрина, Бахтиёрзода Ясмина, Лутфуллоева Севинч ва Сафарова Ориёна бо иштирокашон дар олимпиадаи байналмилалии «MIYIO», аз фанни химия ва биология, ки дар шаҳри Кидаҳи кишвари Малайзия доир гардид фаъолона иштирок намуданд. Дар олимпиадаи мазкур 500 нафар аз 15 кишвари дунё ширкат варзиданд. Хонандагони мо аз ин олипиада 2 медали тилло ва 4 медали нуқра ба даст оварда, парчами кишвари азизамон Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ баланд афрохтанд.