Author Archives: ips_admin

Home / Articles posted by ips_admin

Эълон

  Муассисаи таълимии давлатии «Мактаби байналмилалии Президентӣ» дар шаҳри Душанбе қабули хонандагонро дар соли таҳсили 2017-2018 эълон менамояд. Муассисаи мазкур дорои шароитҳои муосири таълимӣ буда, дар он ду китобхона, ошхонаи барҳаво, маҷлисгоҳ, варзишгоҳ ва толорҳои варзишӣ, хобгоҳ барои хонандагону омўзгорон, бунгоҳи тиббӣ, синфхонаҳои лингафонию компютерӣ, лабараторияҳо ва кабинетҳои фаннӣ амал мекунад.Забони таҳсил англисӣ буда, он дар асоси барномаҳо ва стандартҳои милливу байналмилалӣ фаъолият менамояд. Дар мактаб омўзгорони ватаниву хориҷӣ бо истифода аз усулҳои  фаъоли таълим дарс мегўянд. Мактаб дорои имконияти хуби омодагӣ ва ширкат дар Олимпиадаҳои байналмилалӣ буда, шогирдони мактаби мо борҳо дар Олимпиадаҳои ҷаҳонӣ ширкат намуда, обрӯи  Тоҷикистонро дар арсаи ҷаҳон баланд бардоштаанд. Мехоҳед фарзандони Шумо низ дар Олимпиадаҳои байналмилалӣ ғолибиятро ба даст оварда, дар мактабе ҷавобгў ба стандартҳои ҷаҳонӣ таҳсил намояд, пас шитобед ба Мактаби байналмилалии Президентӣ! Суроғаи мо: шаҳри Душанбе, маҳаллаи Меҳробод, кўчаи Карамов 101, дар шафати Колеҷи варзишӣ. Телефонҳо барои тамос:907 754 504 985 123 115 (37) 8845208                  

Фахри мо

  Боиси фахри мост,  ки 6 нафар хонандагони «Мактаби байналмилалии Президентӣ» дар шаҳри Душанбе  Давлатова Фараҳноз, Усмонова Фирӯза, Маҳмуродова Сабрина, Бахтиёрзода Ясмина, Лутфуллоева  Севинч  ва Сафарова Ориёна бо иштирокашон дар  олимпиадаи байналмилалии «MIYIO», аз фанни химия ва биология, ки дар шаҳри  Кидаҳи кишвари Малайзия доир гардид фаъолона иштирок намуданд. Дар олимпиадаи мазкур  500 нафар  аз 15 кишвари дунё ширкат  варзиданд. Хонандагони мо аз ин олипиада 2 медали тилло ва 4  медали нуқра ба даст оварда, парчами кишвари азизамон    Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ баланд афрохтанд.

Хушхабар аз Қазоқистон

Хонандагони  Муассисаи таълимии давлатии «Мактаби байналмилалии Президентӣ»  дар шаҳри Душанбе дар Олимпиадаи байналмилалии «Informatrix  Asia-2018», аз  фанни технологияи информатсионӣ , ки дар шаҳри Алмаатои  Ҷумҳурии  Қазоқистон доир гардид фаъолона иштирок намуданд. Дар  олимпиадаи мазкур намояндагони  15 давлати Осиё ширкат варзиданд. Хонандагони синфи 11-ум Абдураҳмони Ҷомии Хоҷамир,  Умаралиев Ромиш ва Сайдуллоев Азизҷон бо пешниҳод намудани лоиҳаашон доир ба мавзӯи  «Forgotten Culture»  сазовори ҷойи якум ва соҳиби медали тилло гардиданд. Хонандагони синфи 10-ум Сафаралӣ Гулмаҳмадзод, Соҳибов Суҳайл ва Шарифзода Шараф бо пешниҳод намудани лоиҳаашон оид ба мавзӯи  «Battery of  life»  сазовори ҷойи сеюм ва соҳиби медали биринҷӣ гардиданд.

IPS NAVRUZ-2018

  The students of Primary grades of the International Presidential School in Dushanbe had an amazing Navruz celebration. The party took place in the Hall of Gym and School Conference Hall. The students presented the traditional customs of the Tajikistan regions. At first they welcomed the guests in a Pamiri House talking about “haft sin” and “haft shin”, the next one was traditional house of Central Subordinating Districts including Dushanbe, the third one was Khatlani House, and the fourth one was Sogdian House. All the students were wearing Tajik traditional clothes. The second part of the party was, singing and dancing in groups and individually, which started with congratulatory song of Tajik pop singer Sirojiddin Fozilov to IPS students. The Brilliant performance of the ceremony were song of “Ey az Tuam Sad Iltijo and Pamiry Group dance performed by boys and girls. All the audience enjoyed the ceremony and the final group song about Navruz was the best of the best. It was the great start of Navruz celebration in IPS. Umedjon Inoyatov

    Таҷлил аз  Рӯзи модар

  Дар Муассисаи таълимии давлатии «Мактаби байналмилалии Президентӣ» дар шаҳри Душанбе, бахшида ба  Рӯзи модар таҳти унвони «Сарчашмаи рӯзгор» барномаи фарҳангӣ доир гардид. Директори мактаб Зувайдуллозода М.Ҳ.  чорабиниро оғоз намуда,  бонувони мактабро бо иди баҳору зебоӣ ва Рӯзи модар табрик кард. Сипас  тарбиятгирандагони боғчаи назди мактаб ва хонандагони мактаб бо қироати шеъру таронаҳои дилнишин ва  рақсу сурудҳои дилошӯб хотири ҳозиринро болида намуданд.

Муаррифӣ аз «Шоҳин»  

        Рӯзи 23-юми феврал дар толори фарҳангии Мактаби байналмилалии Президентӣ муаррифии китоби  афсонаҳои хонандаи синфи 5-ум, Мубориз Достиев доир гардид. «Шоҳин» аввалин китоби афсонаҳои Мубориз Достиев ба ҳисоб меравад. Дар чорабинии мазкур ректори Донишгоҳи такмили ихтисоси кормандони соҳаи маориф - Хоналӣ Қурбонзода,  адиба- Шоираи Раҳимҷон, рӯзноманигор - Сайёфи Мизроб иштирок ва суханронӣ намуданд. Сипас миёни иштирокчиён ва муаллифи китоб суолу ҷавоб доир гардид.

Таҷлил аз  рӯзи Артиши миллӣ

Ба ифтихори 25-умин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии  Тоҷикистон дар толори  фарҳангии Мактаби байналмилалии Президентӣ чорабинии бошукуҳ доир гардид. Сарвари мактаб  Зувайдуллозода М.Ҳ. ҳозиринро бо ин ҷашни таърихӣ муборакбод намуд. Омӯзгори омодагии дифои ҳарбӣ Ҳайдаров  А. доир ба таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва  дастовардҳои он дар тӯли 25-сол маълумоти мухтасар  пешниҳод кард. Хонандагони мактаб бо шеъру сурудҳои ватандӯстӣ хотири ҳозиринро болида намуданд. Муҳассилини Академияи Вазорати Мудофиаи  кишвар  бо пешниҳод намудани машқҳои ҳарбӣ, ҷавонону наврасонро барои дӯст доштан ва ҳифз намудану эҳтиром гузоштан ба арзишҳои миллии Ватани азизамон   Тоҷикистон ҳидоят намуданд.

      Бозии рафиқона

  Бо ташаббуси Маркази ҷумҳуриявии «Муассисаи таҳсилоти иловагӣ» - и назди Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар Муассисаи таълимии давлатии «Мактаби байналмилалии Президентӣ»  дар  шаҳри Душанбе, дар давраи  таътили зимистона, мусобиқаи «Футболи хурд дар байни наврасон»  доир  гардид. Дар мусобиқаи мазкур 15 даста аз муассисаҳои  таҳсилоти иловагӣ, мактабҳои президентӣ, литсею гимназияҳо ва муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Душанбе ва  ноҳияҳои тобеи марказ  иштирок  намуданд. Мусобиқа рӯзи 31-уми январ ҷамъбаст гардид. Дар бозии финалӣ дастаи футболбозони Мактаби байналмилалии Президентӣ бо дастаи маркази таҳсилоти иловагӣ дар ноҳияи Сино сабқат намуданд. Дар натиҷа дастаи футболбозони «Мактаби байналмилалии Президентӣ» дар шаҳри Душанбе бо расонидани 9 гол ба дарвозаи ҳариф ғалаба ба даст оварданд. Мусобиқа ҷамъбаст гардил. Дастаи футболбозони «Мактаби байналмилалии Президентӣ» дар шаҳри Душанбе сазовори ҷойи 1-ум, дастаи  Маркази таҳсилоти иловагӣ дар ноҳияи Сино ноили ҷойи 2-юм ва  дастаи Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанебе сазовори ҷойи  3- юм  гардиданд. Ғолибони мусобиқа, бозингари беҳтарин, ҳимоятгари беҳтарин бо туҳфаву ифтихорномаҳо сарфароз гардиданд.

Варзиш- қосиди сулҳ

  Бахшида ба  «Соли ҷавонон»  дар Муассисаи таълимии давлатии «Мактаби байналмилалии Президентӣ»  дар шаҳри Душанбе дар байни дастаҳои «Маъмурият», «Омӯзгор»  ва ҳамсафар мусобиқаи волейбол  доир гардид, ки дар натиҷа дастаи «Маъмурият»  сазовори ҷойи якум, гуруҳи «Омӯзгор»  сазовори ҷойи дуюм  ва дастаи «Ҳамсафар»  сазовори ҷойи сеюм  шуданд. Ғолибон аз тарафи маъмурият ва Иттифоқи касаба бо туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардиданд.

Варзиш- қосиди сулҳ

  Бахшида ба  «Соли ҷавонон»  дар Муассисаи таълимии давлатии «Мактаби байналмилалии Президентӣ»  дар шаҳри Душанбе дар байни дастаҳои «Маъмурият», «Омӯзгор»  ва ҳамсафар мусобиқаи волейбол  доир гардид, ки дар натиҷа дастаи «Маъмурият»  сазовори ҷойи якум, гуруҳи «Омӯзгор»  сазовори ҷойи дуюм  ва дастаи «Ҳамсафар»  сазовори ҷойи сеюм  шуданд. Ғолибон аз тарафи маъмурият ва Иттифоқи касаба бо туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардиданд.
Web Design MymensinghPremium WordPress ThemesWeb Development