Author Archives: ips_admin

Home / Articles posted by ips_admin ()

Хушхабар аз Бухарест

Аз 28-уми апрел то 1-уми майи соли равон дар шаҳри Бухарести давлати Руминя Олимпиадаи лоиҳавии байналмилалии «INFOMATRIX- 2017» аз фанни технологияи информатсионӣ доир гардид. Дар ин Олимпиада 14 нафар хонандагони тоҷик Тоҷикистонр дар байни 45 давлати дунё муаррифӣ намуда, аз ин Олимпиада бо комёбиҳои назаррас ба Ватан баргаштанд. Хонандагони тоҷик бо иштирокашон дар Олимпиадаи мазкур 2 медали тилло , 2 медали нуқра ва 10 медали биринҷӣ ба даст оварданд. Аз Муассисаи таълимии давлатии Мактаби байналмилалии Президентӣ дар шаҳри Душанбе 2 нафар хонандагон: Бобоев Садамбек хонандаи синфи 10 ва Зувайдуллозода Анушервон хонандаи синфи 9 бо пешниҳод намудани лоиҳаи илмиашон оид ба мавзӯи «Барномаи ибораҳои англисӣ- тоҷикӣ барои телефонҳои мобилии андроид» сазовори ҷойи сеюм шуда, бо медали биринҷӣ сарфароз гардиданд, барномаи пешниҳоднамудаи хонандагони мо ҳамчун тарҷумон хизмат мерасонад.

Маҳфили ширу шакар

  Дар рӯзҳои баргузории Олимпиадаи ҷумҳуриявӣ, ки дар Мактаби байналмилалии Президентӣ доир гардид, як қатор чорабиниҳои фарҳангиву фароғатӣ гузаронида шуд. Маҳфили ширу шакар, ки бо роҳбарии шоири ширинкалом, устод  Хайрандеш баргузор гардид  хеле хотирмон буд. Дар маҳфил на  танҳо шогирдон, балки устодон низ ширкат намуданд. Қироати шоҳбайтҳои беҳтарин аз ашъори бузургон, таҳлили зарбулмасалу мақолҳо, байтбараку нақли латифаҳои дилкаш ба маҳфил ҳусни тоза зам намуд. Қироати шеърҳои эъҷоднамудаи шогирдон Аниса аз ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, Фаридун аз шаҳри Конибодом, Изатулло аз шаҳри Қӯрғонтеппа, аз тарафи шоири маҳбуб Хайрандеш хуб арзёбӣ гардид.  Инчуни дар давоми 3 рӯзи баргузории Олимпиада шогирдону омӯзгорони Мактаби байналмилалии Президентӣ дар шаҳри Душанбе, Литсей интернати президентӣ дар шаҳри Душанбе ва Мактаби президентии ноҳияи Ҳисор бо пешниҳод намудани беҳтарин барномаҳои фарҳангиву фароғатӣ хотири меҳмононро болида намуданд. Доир намудани чунин чорабиниҳо дӯстии байни хонандагони минтақаҳои гуногуни кишварро мустаҳкам намуда, падидаҳои нави эҷодиро эҳё мекунад.  

Фахри мо

  Дар шаҳри Алмаатои Ҷумҳурии Қазоқистон Олимпиадаи байналмилалии лоиҳавии  «INFORMATRIXASIA- 2017» аз фанни технологияи информатсионӣ баргузор гардид .40 нафар хонандагони тоҷик, кишвари моро миёни 400 нафар иштирокчиён, ки 13 давлати Осиёву Аврупоро намояндагӣ мекарданд, муаррифӣ намуданд. Боиси ифтихори мост, ки хонандагони тоҷик бо пешниҳоди  лоиҳаҳои илмӣ ва супоридани тест донишу маҳорат нишон дода, ба комёбиҳои назаррас ноил гардиданд. Аз Муассисаи таълимии давлатии «Мактаби байналмилалии Президентӣ» дар шаҳри Душанбе  4 нафар хонандагони синфи 10-ум  дар Олимпиадаи мазкур ширкат варзида, 2 лоиҳаи навро  доир ба  мавзӯҳои  «Роҳҳои нақлиёти мусофиркаш» ва  «Тестҳои ғайриинтернетӣ » пешниҳод намуданд. Ҳоҷимуроди Ҳоҷимурод ва Ҳалимов Исмоил  сазовори ҷойи 1-ум ва соҳиби медали тилло,  Давлатов Афшин ва Саидов Саҳобиддин сазовори ҷойи дуюм шуда, бо медали нуқра сарфароз гардиданд. Дар ин Олимпиада хонандагони тоҷик   соҳиби 2 медали тилло,  8 медали нуқра, 12 медали биринҷӣ гардиданд. Сарфарозии омӯзгорону хонандагони мактаби мо дар он аст, ки шогирдони мактаб бори дигар обрӯву нуфузи  Тоҷикистонро дар арсаи ҷаҳон баланд бардошта, аз ин Олимпида бо медалҳои тилло ва нуқра ба Ватан баргаштанд.

«One Hope» IPS

  Хонандагони фаъоли Муассисаи таълимии давлатии «Мактаби байналмилалии Президентӣ»  дар шаҳри Душанбе  ташкилоти хурдеро таҳти унвони «One Hope» IPS  («Як Умед»- и МБП) таъсис додаанд. Аъзоёни ин ташкилот зиёда аз 25 нафарро ташкил медиҳанд, ки аксарияти онҳо хонандагони синфҳои 10-11 мебошанд. Мақсади таъсиси ин ташкилот ёрӣ расондан ба ятимону бепарасторон, пирони бекасу танҳо ва эҳтиёҷмандон аст. Хонандагон саҳмия гузаронида,  чорабиниҳои гуногуни фарҳангиву фароғатӣ, намоиши филмҳои тарбиявиро ба нақша гирифта, чиптаҳоро ба фурӯш мегузоранд. Инчунин,  анвои гуногуни шириниҳоро дар хонаашон пухта, онро  ҳангоми танаффусҳо  ба фурӯш гузошта , даромадашро ба суратҳисоби  «One Hope» IPS ворид менамоянд. Аз маблағҳои ба даст овардаашон ба эҳтиёҷмандон кӯмак  мерасонанд. Ташкилоти хурди  «One Hope» IPS  мақсад дорад, ки рӯзномаи худро таъсис диҳад. Таъсиси чунин ташкилоти хайриявӣ ибтикори хубест дар «Соли ҷавонон» аз тарафи ҷавонони меҳнатдӯсту меҳрубон ва ғамхори кишвар. Барои таъсиси чунин як ташкилоти хурди кӯмакрасон ба  аъзоёни ташкилоти «One Hope» IPS аҳсану офарин гуфта,  барояшон комёбиҳои беназирро таманно дорем.

Нури Пешво

  Дар назди Муассисаи таълимии давлатии «Мактаби байналмилалии Президентӣ» дар шаҳри Душанбе  ташкилоти ибтидоии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таҳти  унвони «Нури Пешво»  амал мекунад. Татбиқи сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Љумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон яке аз самтҳои муҳими ташкилоти мазкур ба ҳисоб меравад. Дастгирии ҷавонони боистеъдоду  лаёқатманд, тарбия намудҲани онҳо ҳамчун мутахассисони хубу забондон,   иқдоми некест  бахшида ба «Соли ҷавонон». Ташкилоти ибтидоии «Нури Пешво» ҷаласаи навбатии худро доир намуд, ки як гурӯҳ ҷавонон ба узвияти Њизби Халқии Демократии Тоҷикистон шомил шуданд.

Тантанаи Наврӯз

  Омӯзгорону хонандагони Мактаби байналмилалии Президентӣ дар шаҳри Душанбе ҷашни Наврӯзи ҷаҳониро ботантана таҷлил намуданд. Ќисмати аввали барнома аз намоишгоҳи наврӯзӣ иборат буда, инъикосгари фарҳангу тамаддун ва урфу одати минтақаҳои  Тоҷикистон ва  кишварҳои Њиндустон, Покистону  Туркияро  дар бар мегирифт. Дар қисмати дуюм, барномаи фарҳангӣ аз тарафи хонандагон манзури ҳозирин гардид, ки инъикосгари  таърихи пайдоиш, анъанаҳои миллӣ , рақсу суруд ва гулбазми наврӯзиро  дар бар гирифта, мақбули бинандагон гардид. Рақсу суруд, зери навои наврӯзӣ бо иштироки сарояндаи маҳбуб  Сироҷиддин Фозилов ва дигар ҳунармандон  ба тантанаи наврӯзӣ ҳусни тоза зам намуд.

Таҷлили «Рӯзи модар»

  Модар- сарчашмаи зиндагӣ. Офарандаи ҳаёт  ва ҳастии мост. Рӯзи модарро омӯзгорону хонандагони Мактаби байналмилалии Президентӣ дар шаҳри Душанбе ботантана таҷлил намуданд.Сараввал сарвари мактаб Зувайдуллозода М.Њ. омӯзгорону духтарони мактабро ба муносибати фарорасии фасли зебои сол баҳор ва  иди  модар  табрик намуд. Сипас барномаи омоданамудаи хонандагон пешниҳоди ҳозирин гардонида шуд. Сурудҳои дилнишин, рақсҳои ҷолиб ва шеърҳои пурмазмун, ки аз тарафи шогирдони мактаб иҷро  гардиданд, ифодакунандаи меҳру муҳаббати самимӣ ба модарону устодони азизашон буд.

Таҷлил аз рӯзи Артиши миллӣ

            Дар Муассисаи таълимии давлатии Мактаби байналмилалии Президентӣ дар шаҳри Душанбе 24 солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шукуу шаҳомати хоса баргузор гардид. Чорабинии мазкур дар ҳамкорӣ  бо Вазорати Мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи иҷроияи изби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Сино доир гардид. Дар қисмати аввали чорабинӣ мусобиқаҳои варзишӣ гузаронида шуд, ки навъҳои  дастхобонӣ,  турниккашӣ, вазнбардориро дар бар мегирифт.   Донишҷӯёни  Донишгоҳи  ҳарбии ВМҶТ, қисми низомии 12014 ва хонандагони  Мактаби байналмилалии Президентӣ байни ҳамдигар қувваозмоӣ намуданд. Ғолибони мусобиқаҳои варзишӣ бо  туҳфаҳои хотиравӣ қадр карда шуданд. Дар толори фарҳангӣ қисмати фарҳангии  чорабинӣ оғоз гардида, сарвари мактаб  Зувайдуллозода М.Ҳ. ҳозиринро бо рӯзи Артиши миллӣ табрик намуд. Зарина Шаймуродова  раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Сино ба мутахассисон ҷавони мактаб, ки бо аризаи шахсиашон ба ҲХДТ шомил шудаанд, шаҳодатномаи аъзогиро  супурд. Суханронии cардори шуъбаи ҷавонон ва собиқадорони ВМҶТ Музаянов Ҳилол Хушнонович насли наврасро дар руҳияи худшиносиву худогоҳӣ ҳидоят намуда,  ифодакунандаи садоқат ба Ватан буд. Ғолиби озмуни қироати шеърро шоири маҳбуби тоҷик Хайрандеш баҳогузорӣ намуда, хонандаи Мактаби байналмилалии Президентӣ, Рамхудоев Алиҷонро ғолиб эълон намуд. Сурудҳои дилнишин, машқҳои гуногуни ҳарбӣ, аз тарафи хонандагони мактаб ва ансамбли «Шараф»-и Вазорати Мудофиа  ба чорабинӣ  ҳусни тоза зам намуд.

Худшиносии миллӣ

  Дар Муассисаи таълимии давлатии «Мактаби байналмилалии Президентӣ» дар шаҳри Душанбе, бахшида ба ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ  дар байни хонандагони  синфҳои 5 - 11  доир ба ин ҷашни бостонӣ олимпиада баргузор гардид. 123 нафар хонандагони мактаб дар олимпиада ширкат варзида,  тавассути саволҳои тестӣ доир ба ҷабҳаҳои  вожаи «Наврӯз», замони пайдоиш, сабабҳои пайдоиш, ба кадом  халқияту миллатҳо тааллуқ доштан, одатҳои қадимаи миллӣ,  давраи эътиқоди  мардуми ориёӣ  ба Наврӯз, аввалин падидаҳаҳои наврӯзӣ, ҳадафи оростани «Ҳафтсин» дар ҷашни Наврӯз, ақидаҳои  олимон ва шоирони классики тоҷик оид ба  ин ҷашн, анъанаҳои миллӣ, ҷашнҳои ориёӣ, ҳокимони аҷнабие, ки  ҷашни Наврӯзро  барҳам додан мехостанд, фарқият ва маъруфияти ҷашни Наврӯз нисбат ба дигар ҷашнҳои миллӣ, густариши бештари Наврӯз, вожаи Наврӯз ба дигар забонҳои дунё, сабабҳои иваз гаштани «Ҳафтшин» ба «Ҳафтсин», тағйироту навгониҳо  дар ҷашни Наврӯз, эълон шудани Наврӯз чун ҷашни байналмилалӣ посух гуфтанд. Ғолибон муайян гардид: Ҷойи якум, бо гирифтани 24 хол насиби Холиқов Мустақим, хонандаи синфи 9 «Б»; Ҷойи дуюм бо гирифтани 22 хол насиби 2 нафар: Искандари Абдусалом, хонандаи синфи 8 «С» ва Қурбонов Абдулло, хонандаи синфи 8 «А»; Ҷойи сеюм  бо гирифтани 21 хол насиби хонандагон: Холиқова Мавзуна, хонандаи синфи 10 «Б» Маҳмуродова Сабрина, хонандаи синфи 8 «Б» Латипов Довуд, хонандаи синфи 10 «А» Саидов Саҳобиддин, хонандаи синфи 10 «Б» гардид. Ғолибони озмун бо ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравии маъмурияти мактаб, дар арафаи ҷашни Наврӯз қадрдонӣ мешаванд.

Дониш-чароғи ақл аст

                                                 Дар даври аввали Олимпиадаи фаннии мактаббачагон 110 нафар хонандагони Мактаби байналмилалии Президентӣ ширкат варзида, 60 нафарашон ба даври дуюм роҳхат гирифтанд. 60 нафар хонандагон дар сабқати навбатӣ  дар Олимпиадаи фаннии мактаббачагон (ноҳиявӣ) ширкат варзида, 20 нафарашон ғолибият ба даст оварданд. Ғолибони даври дуюм дар даври сеюми Олимпиадаи фаннии мактаббачагони шаҳри Душанбе иштирок намуда 10 нафар ғолибият ба даст оварданд:
 Ному насаб Хонандаи синф Ҷой      Фан Омӯзгор
Исроилзода Фирӯза      9 «С» 1-ум Забони англисӣ Иғболова З.С
Рустамова Саида      8 «Б» 1-ум Забони англисӣ Миралиев М.М
Осимӣ Марямой     11 «А» 2-юм Забони англисӣ Эмел Бигеҷ
Саидова Фарзона     11 «А» 2-юм Забони англисӣ Эмел Бигеҷ
Шаҳидова Камила     11 «А» 2-юм Забони русӣ Маҳмадиев Б.Ҳ.
Гулмаҳмадзода Раҷабалӣ     11 «Д» 2-юм Ҳуқуқи инсон Раҳимов С.А.
Каримов Муҳаммад      9 «С» 2-юм Забони англисӣ Каримова Д.Л
Насруллоева Маҳина     11 «А» 3-юм Забони тоҷикӣ Умарова Б,С.
Сафарова Ориёна      9 «С» 3-юм Забони англисӣ Шораҳимова М.Ш
Назаров Наврӯз      10 «С» 3-юм География Акмалов. М.М.
  Омӯзиши пайваста, малакаву маҳорат шахсро  ба қуллаи   мақсуд мерасонад. Ғолибияти даври сеюми Олимпиадаи фаннии мактаббачагонро ба устодону шогирдони Мактаби байналмилалии Президентӣ дар шаҳри Душанбе таҳният мегӯем. Ба панҷ нафар хатмкунандагоне, ки дар даври ниҳоии Олимпиада иштирок менамоянд, бурдбориҳо таманно дорем.
Web Design MymensinghPremium WordPress ThemesWeb Development