«Мактаби байналмилалии Президентӣ» аз дигар мактабҳои Президентӣ бартарӣ дорад:
- Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон нахустин «Мактаби байналмилалии Президентӣ» мебошад.
- Таълим дар асоси барномаи таълимии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барномаи таълимии Оксфорду Кембриҷ ба роҳ монда шудааст.
- Хатмкунандагони «Мактаби байналмилалии Президентӣ» имконият доранд, ки таҳсилашонро дар донишгоҳҳои байналмилалӣ идома диҳанд.
- Омӯзгорон тариқи озмун қабул шуда,беҳтарин омӯзгорони ватаниву хориҷӣ ба таълиму тарбияи хонандагон машѓул ҳастанд.
- Хонандагон дар олимпиада, озмун ва лоиҳаҳои илмӣ, ки дар сатҳи байналмилалӣ баргузор мегардад, иштирок менамоянд.
- Дар баробари омӯзиш хонандагони мактаб имконияти рушди истеъдод, сайқал додани ҷаҳонбинӣ ва озодона баён намудани фикру андешаи худро дар сатҳи байналмилалӣ ба даст меоранд.