Category Archives: Дастовардҳо

Home / Archive by category "Дастовардҳо"

Дониш-чароғи ақл аст

                                                 Дар даври аввали Олимпиадаи фаннии мактаббачагон 110 нафар хонандагони Мактаби байналмилалии Президентӣ ширкат варзида, 60 нафарашон ба даври дуюм роҳхат гирифтанд. 60 нафар хонандагон дар сабқати навбатӣ  дар Олимпиадаи фаннии мактаббачагон (ноҳиявӣ) ширкат варзида, 20 нафарашон ғолибият ба даст оварданд. Ғолибони даври дуюм дар даври сеюми Олимпиадаи фаннии мактаббачагони шаҳри Душанбе иштирок намуда 10 нафар ғолибият ба даст оварданд:
 Ному насаб Хонандаи синф Ҷой      Фан Омӯзгор
Исроилзода Фирӯза      9 «С» 1-ум Забони англисӣ Иғболова З.С
Рустамова Саида      8 «Б» 1-ум Забони англисӣ Миралиев М.М
Осимӣ Марямой     11 «А» 2-юм Забони англисӣ Эмел Бигеҷ
Саидова Фарзона     11 «А» 2-юм Забони англисӣ Эмел Бигеҷ
Шаҳидова Камила     11 «А» 2-юм Забони русӣ Маҳмадиев Б.Ҳ.
Гулмаҳмадзода Раҷабалӣ     11 «Д» 2-юм Ҳуқуқи инсон Раҳимов С.А.
Каримов Муҳаммад      9 «С» 2-юм Забони англисӣ Каримова Д.Л
Насруллоева Маҳина     11 «А» 3-юм Забони тоҷикӣ Умарова Б,С.
Сафарова Ориёна      9 «С» 3-юм Забони англисӣ Шораҳимова М.Ш
Назаров Наврӯз      10 «С» 3-юм География Акмалов. М.М.
  Омӯзиши пайваста, малакаву маҳорат шахсро  ба қуллаи   мақсуд мерасонад. Ғолибияти даври сеюми Олимпиадаи фаннии мактаббачагонро ба устодону шогирдони Мактаби байналмилалии Президентӣ дар шаҳри Душанбе таҳният мегӯем. Ба панҷ нафар хатмкунандагоне, ки дар даври ниҳоии Олимпиада иштирок менамоянд, бурдбориҳо таманно дорем.

Дастоварди сол

           Муассисаи таълимии давлатии Мактаби байналмилалии Президентӣ дар шаҳри Душанбе дар соли таҳсили 2015-2016 ба дастовардҳои назаррас ноил гардид. Маҳз омӯзиши пайвастаи шогирдони лаёқатманд ва заҳмати ҳамешагии устодон буд, ки дар тӯли як сол  12 нафар хонандагон  бо иштирокашон дар Олимпиадаҳои байналмилалӣ сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гардиданд. Қобили қайд аст, ки шоҳҷоизаи Камила Шаҳидова дар байни 29 давлати дунё, медали тиллои Азизҷон Саъдуллоев  миёни 62 кишвари олам  дастовардҳои беҳтаринанд, ки дар тӯли 4 соли фаъолияти мактаб аввалин медали тилло ва аввалин шоҳҷоиза ба ҳисоб мераванд. Инчунин 12 нафар  толибилмон бо иштирокашон дар  Олимпиадаи ҷумҳуриявии  «INTEX»  ширкат варзида сазовори ҷойҳои намоён шуданд.Ғолибони Конференсияи 7-уми илмї-эҷодии мактаббачагони шаҳри Душанбе-  11 нафар, ғолибони Сессияи 38-уми баҳории Академияи хурди илмҳои Ҷумҳурии   Тоҷикистон-10 нафар, узви вобастаи  Академияи хурди илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон- 4 нафар, узви ҳақиқии Академияи хурди илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон-1 нафарро ташкил медиҳанд.  295 нафар хонандагон дар Олимпиадаҳои гуногуни байналмилалии фосилавӣ  аз фанҳои забони русӣ ва англисӣиштирок намуда, 210 нафарашон дипломҳои дараҷаи 1,2,3-юмро ноил шуда, 85 нафарашон соҳиби сертификат гардиданд. 24 нафар  хонандагон дар Олимпидаи фосилавии байналмилалии  «IMAS» аз фанни математика   ширкат варзида,  2 нафар  соҳиби медали тилло, 5 нафар соҳиби  медали нуқра  ва 3 нафарашон  соҳиби медали биринҷӣ  шуданд. Барои баланд бардоштани обрӯву нуфуз ва парчами азизамон Тоҷикистон ба омӯзгорону хонандагони Мактаби байналмилалии Президентӣ дар шаҳри Душанбе комёбиҳои нав ба навро таманно менамоем.  

Шоҳҷоизадори мо!

Идома...

   5555555555555555Зувайдуллозода Анушервон    30.09.2001 дар шаҳри Душанбе ба дунё омадааст. Миллаташ тоҷик. Зувайдуллозода Анушервон хонандаи синфи 8-уми Мактаби байналмилалии Президентӣ дар шаҳри Душанбе мебошад. Ӯ дар Олимпиадаи   байналмилалии лоиҳавии ба номи О.Жолдасбеков аз фанни математика,  ки аз  1-ум то 5-уми марти соли равон дар шаҳри Алмаатои Ҷумҳурии Қазоқистон  доир гардид, иштирок намуд.  Дар Олимпиадаи мазкур хонандагон аз 5 давлат:Тоҷикистон, Қазоқистон, Озорбойҷон, Қирғизистон, Гурҷистон ширкат варзиданд.  Зувайдуллозода Анушервон  лоиҳаи навро доир ба мавзӯи «Истифодаи теоремаи Менелай  дар стереометрия» пешниҳод намуда, сазовори ҷойи сеюм шуд. 

Снимок_2016_05_03_14_01_54_239Қамаров Ҷаҳонгир 30.01.1999  дар шаҳри Душанбе ба дунё омадааст. Миллаташ тоҷик. Қамаров  Ҷаҳонгир хонандаи синфи 11-уми Мактаби байналмилалии Президентӣ дар шаҳри Душанбе мебошад. Ӯ дар Олимпиадаи байналмилалии лоиҳавӣ «Инфоматрикс-Азия»  2016,  ки дар шаҳри  Алмаатои Ҷумҳурии Қазоқистон  доир гардид, иштирок намуд.Ӯ мавзӯи «Муҳовараи тоҷикӣ ва англисӣ»- ро дар телефонҳои мобилии «Андроид» муаррифӣ намуда, сазовори ҷойи 2-юм шуд.

                                    

  Снимок_2016_05_03_14_07_03_926Карими Саид 17.02.2000  дар шаҳри Кӯлоб ба дунё омадааст. Миллаташ тоҷик. Карими Саид хонандаи синфи  9-уми Мактаби байналмилалии Президентӣ дар шаҳри Душанбе мебошад. Ӯ дар Олимпиадаи байналмилалии лоиҳавӣ «Инфоматрикс-Азия»  2016,  ки дар шаҳри  Алмаатои Ҷумҳурии Қазоқистон  доир гардид, иштирок намуд.Ӯ мавзӯи «Муҳовараи тоҷикӣ ва англисӣ»- ро дар телефонҳои мобилии «Андроид» муаррифӣ намуда, сазовори ҷойи 2-юм шуд.

                                 

  Снимок_2016_05_03_14_12_12_46Ҳоҷимуроди Масъуд   28.01.2000  дар шаҳри Душанбе  ба дунё омадааст. Миллаташ тоҷик. Ҳоҷимуроди Масъуд хонандаи синфи  9-уми Мактаби байналмилалии Президентӣ дар шаҳри Душанбе мебошад. Ӯ дар Олимпиадаи байналмилалии лоиҳавӣ «Инфоматрикс-Азия»  2016,  ки дар шаҳри  Алмаатои Ҷумҳурии Қазоқистон  доир гардид, иштирок намуд.Ӯ мавзӯи «Нависандагони тоҷик» барнома , дар телефонҳои мобилии «Андроид»-ро  муаррифӣ намуда, сазовори ҷойи 2-юм шуд.

                                       

 Снимок_2016_05_03_14_15_38_188 Ҳалимов Исмоил   18.07.2000  дар шаҳри Душанбе  ба дунё омадааст. Миллаташ тоҷик. Ҳалимов Исмоил  хонандаи синфи  9-уми Мактаби байналмилалии Президентӣ дар шаҳри Душанбе  мебошад. Ӯ дар Олимпиадаи байналмилалии лоиҳавӣ «Инфоматрикс-Азия»  2016,  ки дар шаҳри  Алмаатои Ҷумҳурии Қазоқистон  доир гардид, иштирок намуд.Ӯ мавзӯи «Нависандагони тоҷик» барнома ,  дар телефонҳои мобилии «Андроид»-ро  муаррифӣ намуда, сазовори ҷойи 2-юм шуд.

                                  

  Давлатов Афшин   10.07.2000  дар шаҳри Душанбе  ба дунё омадааст. Миллаташ тоҷик. Давлатов Афшин  хонандаи синфи  9-уми Мактаби байналмилалии Президентӣ дар шаҳри Душанбе  мебошад. Ӯ дар Олимпиадаи байналмилалии лоиҳавӣ «Инфоматрикс-Азия»  2016,  ки дар шаҳри  Алмаатои Ҷумҳурии Қазоқистон  доир гардид, иштирок намуд.Ӯ филми ҳуҷҷатии «Адолат»-ро пешниҳод намуда, сазовори ҷойи сеюм шуд.

                                  

    Шарипов  Амирҳамза 13.02.2000  дар шаҳри Душанбе  ба дунё омадааст. Миллаташ тоҷик.  Амирҳамза   хонандаи синфи  9-уми Мактаби байналмилалии Президентӣ дар шаҳри Душанбе  мебошад. Ӯ дар Олимпиадаи байналмилалии лоиҳавӣ «Инфоматрикс-Азия»  2016,  ки дар шаҳри  Алмаатои Ҷумҳурии Қазоқистон  доир гардид, иштирок намуд.Ӯ филми ҳуҷҷатии «Адолат»-ро пешниҳод намуда, сазовори ҷойи сеюм шуд.

   

     Муассисаи таълимии давлатии «Мактаби байналмилалии Президентӣ» дар ш. Душанбе дар тӯли 4 соли фаъолияти худ ба дастовардҳои назаррас ноил гардидааст. Натиҷаи дастовардҳои хонандагон дар олимпиадаҳои ноҳиявӣ, шаҳрӣ, ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ   дар соли таҳсили 2012 – 2013  чунин аст:Олимпиадаи ноҳиявӣ  2 нафар Олимпиадаи шаҳрӣ  1 нафар Дастовардҳои олимпиада дар соли таҳсили  2013-2014 Олимпиадаи ноҳиявӣ  15 нафар Олимпиадаи шаҳрӣ  4 Олимпиадаи ҷумҳуриявӣ  2 нафар Олимпиадаи байналмилалӣ   2 нафар Дастовардҳои олимпиада дар соли таҳсили  2014- 2015 Олимпиадаи ноҳиявӣ  25 нафар Олимпиадаи шаҳрӣ   5 нафар Олимпиадаи ҷумҳуриявӣ  2 нафар Олимпиадаи байналмилалӣ  3 нафарДастовардҳои олимпиада дар соли таҳсили 2015-2016 Олимпидаи ноҳиявӣ  26 нафар Олимпиадаи шаҳрӣ 11 нафар Натиҷаи корҳои эҷодии хонандагон дар лоиҳаҳои илмӣ:
  • «Саффориён дар оинаи таърих» (Нақши хонадони Саффорӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон) ДИПЛОМИ ДАРАҶАИ 3
  • «Adverbs ending in –ly in Tajiks in the Miror of the History From Arians to Samanids by Emomali Rahmon» ДИПЛОМИ ДАРАҶАИ 1
  • Мавқеи ҷумлаҳои мураккаби тобеъ дар қиссаи «Марги судхӯр»-и
Садриддин Айнӣ – ДИПЛОМИ ДАРАҶАИ 1
  • Языковые реалии в русском переводе повести С. Айни «Смерть ростовщика» - ДИПЛОМИ ДАРАҶАИ 2
  • «Сарез – кӯли муаммо ва фоҷиаи асри XXI» - ДИПЛОМИ ДАРАҶАИ 1
 

Web Design MymensinghPremium WordPress ThemesWeb Development