Category Archives: Маҳфилҳо

Home / Archive by category "Маҳфилҳо"

Аз эҷодиёти аъзоёни маҳфили “Рӯзноманигори ҷавон”

Снимок_2016_05_03_13_15_07_255

Алиҷон Рамхудоев, хонандаи

синфи 8-уми Мактаби

байналмилалии Президентӣ 

дар ш. Душанбе

 Баҳор

Фасли бахорон омад,

Борони найсон омад.

Дар пуштаву ёлаҳо,

Лола фаровон омад.

Бо сози мурғон омад,

Бо найи чӯпон омад.

Хушрангу хушлатофат,

Шоду хиромон омад.

Кӯдакон шоду хандон,

Дилҳояшон пурармон.

Рақсу шодӣ мекунанд,

Мисли булбул ғазалхон.

Снимок_2016_05_03_13_35_05_878

 

Саидмуҳаммади Сайидмумин,

хонандаи синфи 7-уми

Мактаби байналмилалии

Президентӣ дар ш. Душанбе

 

Чукрӣ

Чукрӣ давои ҷон аст,

Ба сад дарде дармон аст.

Бо файзи худ табиат,

Кунад моро табобат.

Снимок_2016_04_20_15_04_17_790
Сабрина Маҳмудова, хонандаи
синфи 7-уми Мактаби байналмилалии
Президентӣ дар ш.Душанбе

Меҳри модар

     Модар шахси муқаддас аст. Модар-зимни ба забон овардани ин панҷ ҳарф чӣ қадар меҳру муҳаббат ва садоқат ниҳон аст. Дар олам муқаддастар аз модар мавҷудоте нест. Ҳастии ӯст, ки мо ба дунё омадаву умр ба сар мбарем. Модар-ту  чашмаи ҳаёти инсон ҳастӣ ва ҳаёти инсон ба ту вобастаасту  мо аз он чашма обҳои ширину мусаффо менӯшем. Бе ту ҳеҷ баҳоре зебо ва ҳеҷ тирамоҳе пурфайз нахоҳад  буд. Модарам ту ягона вуҷудаму рафиқам ҳастӣ! Ту худ ҷон ба каф гирифта, маро ба дунё овардӣ, дар сари гаҳвораам  бо  хоби ширин даст ба гиребон шудӣ. Ҳамаи ашёи олам зебост, аммо модар аз тамоми мавҷудоти олам зеботару волотар аст! 

Кӯчактарин аъзои маҳфили «Рӯзноманигори ҷавон»

  %d1%81%d0%bd%d0%b8%d0%bc%d0%be%d0%ba_2016_09_14_14_13_10_47

                              Мусо тӯй дорад!

  Рӯзе ҳазрати Мусо пайғамбар тӯй дошт. Як духтар бо номи Қумринисо гуфт: - Шумо ташвиш накашед. Ман ҳамаи меҳмонҳоро худам ба тӯй даъват мекунам. Мусо хурсанд шуда, розӣ мешавад. Қумринисо бошад бо дугонаҳояш бозӣ мекунаду фаромӯш мекунад, ки одамонро ба тӯй хабар   кунад. Тӯй сар мешавад ва ба тӯйи ҳазрати Мусо ҳеҷ кас  намеояд. Ҳазрати Мусо аз ин кори Қумринисо ғамгин шуда мегӯяд: Идома...

Фахр дорам Тоҷикистон зодаам! (Ё хабар аз як синф)

  Мафҳуми Исиқлолият- ин соҳибихтёрӣ, озодӣ, оромиву осоиштагӣ мебошад.  Мо кӯдакони  хушбахтем, зеро дар Ватане, ки сулҳу ваҳдаташ пойдор аст ба камол расида истодаем. Истиқлолияти кишвари мо ба синни 25 расид.  Ин ҷашни бошукӯҳ дар сатҳи кишварамон ботантана таҷлил гардид. Бахшида ба ин санаи таърихӣ мо дар синфамон дарси соати тарбиявӣ таҳти  шиори «Ҷашни Истиқлол дорад, Тоҷикистони азиз!»  гузаронидем. Доир ба ҷашни 25 соли Истиқллияти кишвари маҳбубамон Тоҷикистон ман  ва Фаршед маърӯза омода намудем, Зарина тавассути тахтаи электронӣ доир ба 25 соли Истиқлол лавҳа омода намуд.  Мухаммад, Ануша, Нилуфар, Сабрина ва Некрӯз  дар васфи Ватан ,Тоҷикистон, Истиқлолият шеърҳо қироат намуданд.  Нурия бо рақси зебои худ хотири моро шод намуд. Суруди якҷояи мо, ки Идома...
Web Design MymensinghPremium WordPress ThemesWeb Development