Category Archives: Хабарҳо

Home / Archive by category "Хабарҳо"

Кӯдакон-гулҳои ҳаёти мо

  Ба  ифтихори Рӯзи байналмилалии муҳофизати кӯдакон дар Муассисаи таълимии давлатии «Мактаби байналмилалии Президентӣ» дар шаҳри Душанбе чорабинии фарҳангӣ баргузор гардид. Дӯстрӯякони кӯдакистон бо хондани шеъру суруд ва рақсҳои дилнишин хотири ҳозиринро болида намуданд. Шодиву нишоти  падару модарон, омӯзгорон ва махсусан кӯдакон ҳадду канор надошт. Беҳтарин иштирокчиён аз тарафи сарвари мактаб Зувайдуллозода М.Њ. бо. ифтихорнома ва  туҳфаҳои хотиравӣ қадр гардиданд.

ФОРУМИ ҶАВОНОН

  Дар арафаи Иди ҷавонон бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон, Кумитаи иҷроияи Њизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ва Муассисаи таълимии давлатии «Мактаби байналмилалии Президентӣ»,  Форуми ҷавонони ноҳияи Сино таҳти унвони «Ояндаро бо ҳам месозем!» баргузор гардид. Форум аз 6 бахш иборат буд.Њар як бахш  ҳаёти пур аз шодиву нишоти ҷавонони кишварро инъикос менамуд. Љавонон дар  озмуни иншои беҳтарин дар мавзӯи озод навиштаҳояшонро  пешниҳод намуда, инчунин  дар озмуни  расм дар рӯйи асфалт, мусобиқаҳои гуногуни варзишӣ ширкат намуданд. Бо  рақсҳои ҷолибу сурудҳои дилнишин хотири иштирокчиёни форумро болида гардониданд. Суханҳои пурмуҳтаво ва табрикотии  шахсиятҳои маъруфи кишвар  Руқия Атоӣ, Мирзошохрух  Асрорӣ, шоира - Меҳринисо Бобобекова,  Бобоҷониён Раънохон Маҳмудзода, Раҳмонзода Зоир Файзулло ва дигарон барои ҷавонон хеле таъсирбахш ва хотирмон буд. Форуми ҷавонони ноҳияи Сино дар фазои дӯстию рафоқат ҷамъбаст гардида, ғолибони бахшҳо бо туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ шуданд.

ДУ ХУШХАБАР

  Нимаи  авали моҳи май  барои омӯзгорону хонандагони Муассисаи таълимии давлатии «Мактаби байналмилалии Президентӣ»  бобарор буд. Фарзона Саидова ва  Маҳина  Насруллоева дар  Олимпиадаи лоиҳавии  байналмилалӣ аз фанни биология, ки дар шаҳри Хюстони Иёлоти  Муттаҳидаи Амрико миёни  24 давлати Амрико ва 36 давлати дунё доир гардид, фаъолона иштирок намуданд. Дар ин Олимпиада 520  лоиҳа пешниҳод  шуд, хонандагони мо лоиҳаи навро оид ба мавзӯи «Рафъи камхунӣ тибқи табобати табии барои баланд бардоштани  иммунитет ва пешгирӣ намудани бемории саратон» пешниҳод намуда,  сазовори ҷойи дуюм ва соҳиби медали нуқра гардиданд. Инчунин 18 нафар хонандагони мактаб  дар Конфиренсияи илмӣ эҷодии мактаббачагони шаҳри Душанбе ширкат намуда, 15 нафар ғолибият ба даст оварданд, ки аз он 3 нафар соҳиби Дипломи дараҷаи 1-ум, 6 нафар соҳиби Дипломи дараҷаи  2-юм ва  6 нафар  соҳиби  Дипломи дараҷаи сеюм гардиданд. Мо таманно мекунем, ки дастоварду комёбиҳои  Мактаби байналмилалии Президентӣ  аз ин ҳам бештар бошад.

Таҷлил аз «Рӯзи Ғалаба»

  Асрҳо мегузаранд, аммо қаҳрамонию ҷонфидоии фарзандони тоҷик дар майдони Ҷанги Бузурги Ватанӣ фаромӯш нахоҳад шуд. Ба ифтихори «Рӯзи Ғалаба» дар Муассисаи таълимии давлатии «Мактаби байналмилалии Президентӣ»  дар шаҳри Душанбе ҷамъомад доир гардид. Сараввал муовини директор оид ба корҳои тарбиявӣ Шоев М. ҳозиринро ба ифтихори 72-юмин солгарди «Рӯзи Ғалаба» табрик намуд. Сипас хонандагони мактаб бо шеъру сурудҳои дилнишин хотири ҳозиринро болида намуданд. Машқи ҳарбӣ зери навои мусиқӣ дар иҷрои хонандагони синфи 1-ум ва мусобиқаи ба қисмҳо  ҷудо ва ҷамъ  намудани  яроқи худкори калашников бо иштироки хонандагони синфҳои болоӣ хеле хотирмон буд. Суруди «Аё Тоҷикистони озоди ман!..» дар иҷрои хонандагони синфи 6-ум ба ҷамъомад ҳусни анҷом бахшид. Таҷлили «Рӯзи Ғалаба» бори дигар собит менамояд, ки миллати тоҷик қаҳрамонони майдони ҷангро ҳеҷ гоҳ фаромӯш нахоҳанд кард.

Хушхабар аз Бухарест

Аз 28-уми апрел то 1-уми майи соли равон дар шаҳри Бухарести давлати Руминя Олимпиадаи лоиҳавии байналмилалии «INFOMATRIX- 2017» аз фанни технологияи информатсионӣ доир гардид. Дар ин Олимпиада 14 нафар хонандагони тоҷик Тоҷикистонр дар байни 45 давлати дунё муаррифӣ намуда, аз ин Олимпиада бо комёбиҳои назаррас ба Ватан баргаштанд. Хонандагони тоҷик бо иштирокашон дар Олимпиадаи мазкур 2 медали тилло , 2 медали нуқра ва 10 медали биринҷӣ ба даст оварданд. Аз Муассисаи таълимии давлатии Мактаби байналмилалии Президентӣ дар шаҳри Душанбе 2 нафар хонандагон: Бобоев Садамбек хонандаи синфи 10 ва Зувайдуллозода Анушервон хонандаи синфи 9 бо пешниҳод намудани лоиҳаи илмиашон оид ба мавзӯи «Барномаи ибораҳои англисӣ- тоҷикӣ барои телефонҳои мобилии андроид» сазовори ҷойи сеюм шуда, бо медали биринҷӣ сарфароз гардиданд, барномаи пешниҳоднамудаи хонандагони мо ҳамчун тарҷумон хизмат мерасонад.

Маҳфили ширу шакар

  Дар рӯзҳои баргузории Олимпиадаи ҷумҳуриявӣ, ки дар Мактаби байналмилалии Президентӣ доир гардид, як қатор чорабиниҳои фарҳангиву фароғатӣ гузаронида шуд. Маҳфили ширу шакар, ки бо роҳбарии шоири ширинкалом, устод  Хайрандеш баргузор гардид  хеле хотирмон буд. Дар маҳфил на  танҳо шогирдон, балки устодон низ ширкат намуданд. Қироати шоҳбайтҳои беҳтарин аз ашъори бузургон, таҳлили зарбулмасалу мақолҳо, байтбараку нақли латифаҳои дилкаш ба маҳфил ҳусни тоза зам намуд. Қироати шеърҳои эъҷоднамудаи шогирдон Аниса аз ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, Фаридун аз шаҳри Конибодом, Изатулло аз шаҳри Қӯрғонтеппа, аз тарафи шоири маҳбуб Хайрандеш хуб арзёбӣ гардид.  Инчуни дар давоми 3 рӯзи баргузории Олимпиада шогирдону омӯзгорони Мактаби байналмилалии Президентӣ дар шаҳри Душанбе, Литсей интернати президентӣ дар шаҳри Душанбе ва Мактаби президентии ноҳияи Ҳисор бо пешниҳод намудани беҳтарин барномаҳои фарҳангиву фароғатӣ хотири меҳмононро болида намуданд. Доир намудани чунин чорабиниҳо дӯстии байни хонандагони минтақаҳои гуногуни кишварро мустаҳкам намуда, падидаҳои нави эҷодиро эҳё мекунад.  

Фахри мо

  Дар шаҳри Алмаатои Ҷумҳурии Қазоқистон Олимпиадаи байналмилалии лоиҳавии  «INFORMATRIXASIA- 2017» аз фанни технологияи информатсионӣ баргузор гардид .40 нафар хонандагони тоҷик, кишвари моро миёни 400 нафар иштирокчиён, ки 13 давлати Осиёву Аврупоро намояндагӣ мекарданд, муаррифӣ намуданд. Боиси ифтихори мост, ки хонандагони тоҷик бо пешниҳоди  лоиҳаҳои илмӣ ва супоридани тест донишу маҳорат нишон дода, ба комёбиҳои назаррас ноил гардиданд. Аз Муассисаи таълимии давлатии «Мактаби байналмилалии Президентӣ» дар шаҳри Душанбе  4 нафар хонандагони синфи 10-ум  дар Олимпиадаи мазкур ширкат варзида, 2 лоиҳаи навро  доир ба  мавзӯҳои  «Роҳҳои нақлиёти мусофиркаш» ва  «Тестҳои ғайриинтернетӣ » пешниҳод намуданд. Ҳоҷимуроди Ҳоҷимурод ва Ҳалимов Исмоил  сазовори ҷойи 1-ум ва соҳиби медали тилло,  Давлатов Афшин ва Саидов Саҳобиддин сазовори ҷойи дуюм шуда, бо медали нуқра сарфароз гардиданд. Дар ин Олимпиада хонандагони тоҷик   соҳиби 2 медали тилло,  8 медали нуқра, 12 медали биринҷӣ гардиданд. Сарфарозии омӯзгорону хонандагони мактаби мо дар он аст, ки шогирдони мактаб бори дигар обрӯву нуфузи  Тоҷикистонро дар арсаи ҷаҳон баланд бардошта, аз ин Олимпида бо медалҳои тилло ва нуқра ба Ватан баргаштанд.

«One Hope» IPS

  Хонандагони фаъоли Муассисаи таълимии давлатии «Мактаби байналмилалии Президентӣ»  дар шаҳри Душанбе  ташкилоти хурдеро таҳти унвони «One Hope» IPS  («Як Умед»- и МБП) таъсис додаанд. Аъзоёни ин ташкилот зиёда аз 25 нафарро ташкил медиҳанд, ки аксарияти онҳо хонандагони синфҳои 10-11 мебошанд. Мақсади таъсиси ин ташкилот ёрӣ расондан ба ятимону бепарасторон, пирони бекасу танҳо ва эҳтиёҷмандон аст. Хонандагон саҳмия гузаронида,  чорабиниҳои гуногуни фарҳангиву фароғатӣ, намоиши филмҳои тарбиявиро ба нақша гирифта, чиптаҳоро ба фурӯш мегузоранд. Инчунин,  анвои гуногуни шириниҳоро дар хонаашон пухта, онро  ҳангоми танаффусҳо  ба фурӯш гузошта , даромадашро ба суратҳисоби  «One Hope» IPS ворид менамоянд. Аз маблағҳои ба даст овардаашон ба эҳтиёҷмандон кӯмак  мерасонанд. Ташкилоти хурди  «One Hope» IPS  мақсад дорад, ки рӯзномаи худро таъсис диҳад. Таъсиси чунин ташкилоти хайриявӣ ибтикори хубест дар «Соли ҷавонон» аз тарафи ҷавонони меҳнатдӯсту меҳрубон ва ғамхори кишвар. Барои таъсиси чунин як ташкилоти хурди кӯмакрасон ба  аъзоёни ташкилоти «One Hope» IPS аҳсану офарин гуфта,  барояшон комёбиҳои беназирро таманно дорем.

Нури Пешво

  Дар назди Муассисаи таълимии давлатии «Мактаби байналмилалии Президентӣ» дар шаҳри Душанбе  ташкилоти ибтидоии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таҳти  унвони «Нури Пешво»  амал мекунад. Татбиқи сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Љумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон яке аз самтҳои муҳими ташкилоти мазкур ба ҳисоб меравад. Дастгирии ҷавонони боистеъдоду  лаёқатманд, тарбия намудҲани онҳо ҳамчун мутахассисони хубу забондон,   иқдоми некест  бахшида ба «Соли ҷавонон». Ташкилоти ибтидоии «Нури Пешво» ҷаласаи навбатии худро доир намуд, ки як гурӯҳ ҷавонон ба узвияти Њизби Халқии Демократии Тоҷикистон шомил шуданд.

Тантанаи Наврӯз

  Омӯзгорону хонандагони Мактаби байналмилалии Президентӣ дар шаҳри Душанбе ҷашни Наврӯзи ҷаҳониро ботантана таҷлил намуданд. Ќисмати аввали барнома аз намоишгоҳи наврӯзӣ иборат буда, инъикосгари фарҳангу тамаддун ва урфу одати минтақаҳои  Тоҷикистон ва  кишварҳои Њиндустон, Покистону  Туркияро  дар бар мегирифт. Дар қисмати дуюм, барномаи фарҳангӣ аз тарафи хонандагон манзури ҳозирин гардид, ки инъикосгари  таърихи пайдоиш, анъанаҳои миллӣ , рақсу суруд ва гулбазми наврӯзиро  дар бар гирифта, мақбули бинандагон гардид. Рақсу суруд, зери навои наврӯзӣ бо иштироки сарояндаи маҳбуб  Сироҷиддин Фозилов ва дигар ҳунармандон  ба тантанаи наврӯзӣ ҳусни тоза зам намуд.
Web Design MymensinghPremium WordPress ThemesWeb Development