Category Archives: Хабарҳо

Home / Archive by category "Хабарҳо" ()

«One Hope» IPS

  Хонандагони фаъоли Муассисаи таълимии давлатии «Мактаби байналмилалии Президентӣ»  дар шаҳри Душанбе  ташкилоти хурдеро таҳти унвони «One Hope» IPS  («Як Умед»- и МБП) таъсис додаанд. Аъзоёни ин ташкилот зиёда аз 25 нафарро ташкил медиҳанд, ки аксарияти онҳо хонандагони синфҳои 10-11 мебошанд. Мақсади таъсиси ин ташкилот ёрӣ расондан ба ятимону бепарасторон, пирони бекасу танҳо ва эҳтиёҷмандон аст. Хонандагон саҳмия гузаронида,  чорабиниҳои гуногуни фарҳангиву фароғатӣ, намоиши филмҳои тарбиявиро ба нақша гирифта, чиптаҳоро ба фурӯш мегузоранд. Инчунин,  анвои гуногуни шириниҳоро дар хонаашон пухта, онро  ҳангоми танаффусҳо  ба фурӯш гузошта , даромадашро ба суратҳисоби  «One Hope» IPS ворид менамоянд. Аз маблағҳои ба даст овардаашон ба эҳтиёҷмандон кӯмак  мерасонанд. Ташкилоти хурди  «One Hope» IPS  мақсад дорад, ки рӯзномаи худро таъсис диҳад. Таъсиси чунин ташкилоти хайриявӣ ибтикори хубест дар «Соли ҷавонон» аз тарафи ҷавонони меҳнатдӯсту меҳрубон ва ғамхори кишвар. Барои таъсиси чунин як ташкилоти хурди кӯмакрасон ба  аъзоёни ташкилоти «One Hope» IPS аҳсану офарин гуфта,  барояшон комёбиҳои беназирро таманно дорем.

Нури Пешво

  Дар назди Муассисаи таълимии давлатии «Мактаби байналмилалии Президентӣ» дар шаҳри Душанбе  ташкилоти ибтидоии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таҳти  унвони «Нури Пешво»  амал мекунад. Татбиқи сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Љумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон яке аз самтҳои муҳими ташкилоти мазкур ба ҳисоб меравад. Дастгирии ҷавонони боистеъдоду  лаёқатманд, тарбия намудҲани онҳо ҳамчун мутахассисони хубу забондон,   иқдоми некест  бахшида ба «Соли ҷавонон». Ташкилоти ибтидоии «Нури Пешво» ҷаласаи навбатии худро доир намуд, ки як гурӯҳ ҷавонон ба узвияти Њизби Халқии Демократии Тоҷикистон шомил шуданд.

Тантанаи Наврӯз

  Омӯзгорону хонандагони Мактаби байналмилалии Президентӣ дар шаҳри Душанбе ҷашни Наврӯзи ҷаҳониро ботантана таҷлил намуданд. Ќисмати аввали барнома аз намоишгоҳи наврӯзӣ иборат буда, инъикосгари фарҳангу тамаддун ва урфу одати минтақаҳои  Тоҷикистон ва  кишварҳои Њиндустон, Покистону  Туркияро  дар бар мегирифт. Дар қисмати дуюм, барномаи фарҳангӣ аз тарафи хонандагон манзури ҳозирин гардид, ки инъикосгари  таърихи пайдоиш, анъанаҳои миллӣ , рақсу суруд ва гулбазми наврӯзиро  дар бар гирифта, мақбули бинандагон гардид. Рақсу суруд, зери навои наврӯзӣ бо иштироки сарояндаи маҳбуб  Сироҷиддин Фозилов ва дигар ҳунармандон  ба тантанаи наврӯзӣ ҳусни тоза зам намуд.

Худшиносии миллӣ

  Дар Муассисаи таълимии давлатии «Мактаби байналмилалии Президентӣ» дар шаҳри Душанбе, бахшида ба ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ  дар байни хонандагони  синфҳои 5 - 11  доир ба ин ҷашни бостонӣ олимпиада баргузор гардид. 123 нафар хонандагони мактаб дар олимпиада ширкат варзида,  тавассути саволҳои тестӣ доир ба ҷабҳаҳои  вожаи «Наврӯз», замони пайдоиш, сабабҳои пайдоиш, ба кадом  халқияту миллатҳо тааллуқ доштан, одатҳои қадимаи миллӣ,  давраи эътиқоди  мардуми ориёӣ  ба Наврӯз, аввалин падидаҳаҳои наврӯзӣ, ҳадафи оростани «Ҳафтсин» дар ҷашни Наврӯз, ақидаҳои  олимон ва шоирони классики тоҷик оид ба  ин ҷашн, анъанаҳои миллӣ, ҷашнҳои ориёӣ, ҳокимони аҷнабие, ки  ҷашни Наврӯзро  барҳам додан мехостанд, фарқият ва маъруфияти ҷашни Наврӯз нисбат ба дигар ҷашнҳои миллӣ, густариши бештари Наврӯз, вожаи Наврӯз ба дигар забонҳои дунё, сабабҳои иваз гаштани «Ҳафтшин» ба «Ҳафтсин», тағйироту навгониҳо  дар ҷашни Наврӯз, эълон шудани Наврӯз чун ҷашни байналмилалӣ посух гуфтанд. Ғолибон муайян гардид: Ҷойи якум, бо гирифтани 24 хол насиби Холиқов Мустақим, хонандаи синфи 9 «Б»; Ҷойи дуюм бо гирифтани 22 хол насиби 2 нафар: Искандари Абдусалом, хонандаи синфи 8 «С» ва Қурбонов Абдулло, хонандаи синфи 8 «А»; Ҷойи сеюм  бо гирифтани 21 хол насиби хонандагон: Холиқова Мавзуна, хонандаи синфи 10 «Б» Маҳмуродова Сабрина, хонандаи синфи 8 «Б» Латипов Довуд, хонандаи синфи 10 «А» Саидов Саҳобиддин, хонандаи синфи 10 «Б» гардид. Ғолибони озмун бо ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравии маъмурияти мактаб, дар арафаи ҷашни Наврӯз қадрдонӣ мешаванд.

Дониш-чароғи ақл аст

                                                 Дар даври аввали Олимпиадаи фаннии мактаббачагон 110 нафар хонандагони Мактаби байналмилалии Президентӣ ширкат варзида, 60 нафарашон ба даври дуюм роҳхат гирифтанд. 60 нафар хонандагон дар сабқати навбатӣ  дар Олимпиадаи фаннии мактаббачагон (ноҳиявӣ) ширкат варзида, 20 нафарашон ғолибият ба даст оварданд. Ғолибони даври дуюм дар даври сеюми Олимпиадаи фаннии мактаббачагони шаҳри Душанбе иштирок намуда 10 нафар ғолибият ба даст оварданд:
 Ному насаб Хонандаи синф Ҷой      Фан Омӯзгор
Исроилзода Фирӯза      9 «С» 1-ум Забони англисӣ Иғболова З.С
Рустамова Саида      8 «Б» 1-ум Забони англисӣ Миралиев М.М
Осимӣ Марямой     11 «А» 2-юм Забони англисӣ Эмел Бигеҷ
Саидова Фарзона     11 «А» 2-юм Забони англисӣ Эмел Бигеҷ
Шаҳидова Камила     11 «А» 2-юм Забони русӣ Маҳмадиев Б.Ҳ.
Гулмаҳмадзода Раҷабалӣ     11 «Д» 2-юм Ҳуқуқи инсон Раҳимов С.А.
Каримов Муҳаммад      9 «С» 2-юм Забони англисӣ Каримова Д.Л
Насруллоева Маҳина     11 «А» 3-юм Забони тоҷикӣ Умарова Б,С.
Сафарова Ориёна      9 «С» 3-юм Забони англисӣ Шораҳимова М.Ш
Назаров Наврӯз      10 «С» 3-юм География Акмалов. М.М.
  Омӯзиши пайваста, малакаву маҳорат шахсро  ба қуллаи   мақсуд мерасонад. Ғолибияти даври сеюми Олимпиадаи фаннии мактаббачагонро ба устодону шогирдони Мактаби байналмилалии Президентӣ дар шаҳри Душанбе таҳният мегӯем. Ба панҷ нафар хатмкунандагоне, ки дар даври ниҳоии Олимпиада иштирок менамоянд, бурдбориҳо таманно дорем.

Дастоварди сол

           Муассисаи таълимии давлатии Мактаби байналмилалии Президентӣ дар шаҳри Душанбе дар соли таҳсили 2015-2016 ба дастовардҳои назаррас ноил гардид. Маҳз омӯзиши пайвастаи шогирдони лаёқатманд ва заҳмати ҳамешагии устодон буд, ки дар тӯли як сол  12 нафар хонандагон  бо иштирокашон дар Олимпиадаҳои байналмилалӣ сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гардиданд. Қобили қайд аст, ки шоҳҷоизаи Камила Шаҳидова дар байни 29 давлати дунё, медали тиллои Азизҷон Саъдуллоев  миёни 62 кишвари олам  дастовардҳои беҳтаринанд, ки дар тӯли 4 соли фаъолияти мактаб аввалин медали тилло ва аввалин шоҳҷоиза ба ҳисоб мераванд. Инчунин 12 нафар  толибилмон бо иштирокашон дар  Олимпиадаи ҷумҳуриявии  «INTEX»  ширкат варзида сазовори ҷойҳои намоён шуданд.Ғолибони Конференсияи 7-уми илмї-эҷодии мактаббачагони шаҳри Душанбе-  11 нафар, ғолибони Сессияи 38-уми баҳории Академияи хурди илмҳои Ҷумҳурии   Тоҷикистон-10 нафар, узви вобастаи  Академияи хурди илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон- 4 нафар, узви ҳақиқии Академияи хурди илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон-1 нафарро ташкил медиҳанд.  295 нафар хонандагон дар Олимпиадаҳои гуногуни байналмилалии фосилавӣ  аз фанҳои забони русӣ ва англисӣиштирок намуда, 210 нафарашон дипломҳои дараҷаи 1,2,3-юмро ноил шуда, 85 нафарашон соҳиби сертификат гардиданд. 24 нафар  хонандагон дар Олимпидаи фосилавии байналмилалии  «IMAS» аз фанни математика   ширкат варзида,  2 нафар  соҳиби медали тилло, 5 нафар соҳиби  медали нуқра  ва 3 нафарашон  соҳиби медали биринҷӣ  шуданд. Барои баланд бардоштани обрӯву нуфуз ва парчами азизамон Тоҷикистон ба омӯзгорону хонандагони Мактаби байналмилалии Президентӣ дар шаҳри Душанбе комёбиҳои нав ба навро таманно менамоем.  

Хидмати пирон

Хидмати пирон намову аз ҷавонӣ бас маноз,          Чунки пирон низ айёми ҷавонӣ дидаанд. Дар арафаи Соли Нави мелодӣ хонандагони синфҳои 7 «С», 9 «А», 10 «Б» ва 11 «Д» - и  Мактаби байналмилалии Президентӣ  таҳти роҳбарии муаллима Ҷӯраева С  тасмим гирифтанд, ки аъзоёни   «Маркази минтақавии хизмати иҷтимоӣ ба нафақахӯрон ва маъюбон»- и шаҳри Душанберо бо фарорасии соли 2017  табрик намоянд._d__7583 Хонандагони  Мактаби байналмилалии Президентӣ  тӯҳфаҳои таъсиснамудаашонро ба аъзоёни марказ  тақдим намуданд.  Аз ҳузури меҳмонон аъзоёни марказ шоду мамнун шуданд.

Паём - раҳнамои мо! Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти кишварамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамасола ба Маҷлиси Олӣ  паём ирсол менамоянд. Омӯзгорону хонандагони Муассисаи таълимии давлатии «Мактаби байналмилалии Президентӣ» дар шаҳри Душанбе низ тавассути шабакаи «Телевизиони  Тоҷикистон» паёми навбатии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти кишварамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро тамошо карданд. Соҳаи маориф, яке аз соҳаи афзалиятнок ба ҳисоб меравад.Дар паёми имсола қайд карданд, ки «Фақат соли 2016 аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳо 201 бинои таълимӣ ба маблағи 540 миллион сомонӣ бунёд ва азнавсозӣ гардида, 39 ҳазор ҷойи нишаст муҳайё карда шуд». %d1%81%d0%bd%d0%b8%d0%bc%d0%be%d0%ba_2016_12_23_09_11_41_433Воқеан ҳам давлате, ки ба соҳаи маориф таваҷҷуҳи зиёд дорад, барои донишандӯзии муҳассилин шароити муосирро муҳайё менамояд ва мавқеи омӯзгорро дар сатҳи баланд мегузорад, он давлат пойдор асту миллаташ безавол. Дар паёми имсола иброз доштанд, ки  «Ҷавонони имрӯзаи мо, яъне насли замони истиқлол аз наслҳои пешина бо савияи илму дониш, маърифату ҷаҳонбинӣ, сатҳи тафаккур ва одобу ахлоқ фарқи куллӣ доранд, ки ин ҳама боиси ифтихори мо мебошад». %d1%81%d0%bd%d0%b8%d0%bc%d0%be%d0%ba_2016_12_23_09_11_10_519Баҳри боз ҳам баланд бардоштани мавқеи ҷавонон дар ҷомеа ба Маҷлиси Олӣ чунин пешниҳод карданд: «Бо дарназардошти саҳми ҷавонон дар рушди ҷомеа ва иштироки фаъолонаи онҳо дар ҳаёти сиёсиву иқтисодии мамлакат пешниҳод менамоям, ки соли 2017 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Соли ҷавонон эълон карда шавад». Аз пешниҳоди навбатии Пешвои миллат омӯзгорону хонандагони Мактаби байналмилалии Президентӣ рӯҳу илҳоми тоза гирифтанд. %d1%81%d0%bd%d0%b8%d0%bc%d0%be%d0%ba_2016_12_23_09_12_52_627        

Илмат ба амал чу ёр гардад…

                Бо мақсади баланд бардоштани сатҳи дониши хонандагон, санҷидани малакаи дониш ва маҳорати онҳо озмуну Олимпиадаҳои гуногуни фаннӣ дар сатҳи ҷумҳурӣ ва байналмилалӣ гузаронида мешаванд. Соли дуюм аст, ки  Олимпиадаи байналмилалии  фосилавӣ «IMAS» аз фанни риёзӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон доир мегардад. Соли сипаришуда давлатҳои Австрия, Филиппин, Тайван, Ветнам, Зимбабве ва Тоҷикистон дар ин Олимпиада ширкат варзиданд. Тоҷикистонро 939 нафар хонандагон аз тамоми гӯшаву канори ҷумҳурӣ муаррифӣ намуданд.84 нафар хонандагони тоҷик дар Олимпиадаи мазкур ғолибият ба даст оварда, ба ғолибон Ифтихорнома ва медалҳо аз тарафи Маркази  «IMAS», давлати Тайван фиристода шуд. Рӯзи 25.12.2016 дар Мактаби байналмилалии Президентӣ дар шаҳри Душанбе Олимпиадаи байналмилалии  фосилавӣ «IMAS» аз фанни риёзӣ баргузор мегардад. Хонандагони   синфҳои 4 -9 метавонанд ширкат варзанд.То санаи 22.12.2016 хоҳишмандон метавонанд рӯйхати иштирокчиён ва ҳуҷҷатҳои зерин: 1.Маълумотнома аз мактаб 2.Нусхаи шаҳодатномаи таваллуд  пешниҳод намоянд. Олимпиада тавассути тест сурат гирифта, дар он навъи саволҳои тести пӯшида ва саволҳои тести кушода пешниҳод мегардад

Ҳар ки хандонад, ятими хастаро…

  Кӯмак ба ятимону бепарасторон ва эҳтиёҷмандон яке аз самтҳоест, ки ҳукумати кишвар ва махсусан Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат  Президенти кишварамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷӯҳи хоса зоҳир менамоянд. Хонандагони синфи 10«А»-и Мактаби байналмилалии Президентӣ зери роҳбарии Бибиҷон Умарова дар арафаи Соли Нави мелодии 2017 ба атфоли бекасу ятими мактаб-интернати №1-и шаҳри Душанбе  тӯҳфаҳои таъсиснамудаашонро аз қабили пойафзоли зимистона, ҷӯроб,  сарпӯшҳои гарм, либоси хоб ва шириниҳо тақдим намуданд. Шодиву сурури атфоли бепарастор аз ҳадяҳои идонаи меҳмонон ҳадду канор надошт ва аксари онҳо аз хушнудӣ шеъру суруд  мехонданду ашк мерехтанд.Чуноне Саъдии Шерозӣ гуфтааст: Падармурдаро соя бар сар фикан, Ғубораш бияфшону хораш бикан!  
Web Design MymensinghPremium WordPress ThemesWeb Development