Паёми директори мактаб

Home / Паёми директори мактаб

Паёми директори  Муассисаи таълимии давлатии «Мактаби байналмилалии Президентӣ» дар ш.Душанбе, Зувайдуллозода М.Ҳ. барои соли таҳсили 2015-2016

«Сутуни асосии фарҳангу маънавиёт савод аст»

Эмомалӣ  Раҳмон

          2016-01-20_122642Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти мамлакатамон муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон  соҳаи маорифро яке аз соҳаҳои  афзалиятноки  сиёсати иҷтимоии кишвар эълон намудааст. Баъд аз ба даст овардани Истиқлолияти давлатии кишварамон, соҳаи мактабу маориф рӯ ба беҳбудӣ овард. Таъсиси муассисаҳои таълимии  ҷавобгӯй ба стандарти давлатӣ ва байналмилалӣ гувоҳи ин гуфтаҳост. Бунёди мактабҳои наву замонавӣ ва таълими насли ояндаи миллат дар сатҳи байналмилалӣ барои баланд бардоштани донишу маърифат ва малакаи шогирдон мусоидат намуда, барои муаррифӣ намудани  илму техника,фарҳангу тамаддуни миллати тоҷик ва кишваре бо номи Тоҷикистон боис мегардад. Таъсиси Муассисаи таълимии давлатии «Мактаби байналмилалии Президентӣ» дар ш.Душанбе далели ғамхории навбатии ҳукумати  кишвар ба насли оянда аст. Он 1-уми сентябри соли 2012 дар пойтахти ҷумҳурӣ аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон ифтитоҳ гардидааст. Мактаб дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31-уми майи соли 2012, таҳти рақами 282 таъсис  дода шудааст.  Аз таъсиси Муассисаи таълимии давлатии «Мактаби байналмилалии Президентӣ» дар шаҳри Душанбе 3 сол сипарӣ гашт. Мо дар оғози соли таҳсили  2016  қарор дорем. Имсол 58 нафар омӯзгорони маҳалливу хориҷӣ, ки тариқи озмун ба кор қабул шудаанд, ба шогирдони мактаб дарс мегӯянд.  Аз онҳо: 6 нафар  Аълочии маориф; 3 нафар номзади илм; 17 нафар  дорои дараҷаи тахассуси олӣ; 16 нафар  дорои дараҷаи тахассуси якум; Дар давраи 3 соли фаъолият, коллективи омӯзгорон тавонистанд раванди таълиму тарбияро хуб ба роҳ  монда, шогирдонро дар руҳияи ватандӯстиву худшиносӣ ва худогоҳии миллӣ тарбия намуда, аз дунёи муосири таълим илм омӯзонанд. То ба имрӯз ин маскани маърифатро 87 нафар хонандагон  хатм намуданд. Аз онҳо 53 нафарашон дар муассисаҳои таҳсилоти олии  кишвар ва 34 нафарашон дар донишгоҳҳои хориҷ   таҳсил карда истодаанд. Дар давоми соли  таҳсили 2014- 2015  шогирдони мо тавонистанд дар олимпиадаҳои ноҳиявиву шаҳрӣ, ҷумҳуриявиву байналмилалӣ иштирок намуда, сазовори ҷойҳои намоён гарданд. Барои  мукаммал намудани  дониш ва таълим гирифтан бо  методҳои байналмилалӣ омӯзгорон аз хориҷи кишвар даъват карда мешаванд. То ба имрӯз 15 нафар омӯзгорон аз хориҷи кишвар дар ин муассиса фаъолият  намудаанд. Ҷалби бештари омӯзгорон аз хориҷи кишвар ба нақша гирифта шудааст. Инчунин дар назди мактаб кӯдакистон низ фаъолият дорад. Кӯдакистони муассисаи таълимии давлатии «Мактаби байналмилалии Президентӣ» 6-уми январи соли 2013 ифтитоҳ гардидааст. Шумораи кӯдакон дар оғози фаъолияти кӯдакистон  17  нафарро дар бар мегирифт. Дар давоми 4 моҳи фаъолият ин  шумора ба сад нафар расид. Мо итминон дорем, ки дар раванди  ҷараёни таълим  шогирдонро дар руҳияи  ватандӯстиву хештаншиносӣ, донандаи  хуби забони англисӣ ва дигар забонҳои хориҷӣ тарбия менамоем ва онҳо  муаррифгари илму маърифат ва тамаддуни миллату давлати Тоҷикистон дар сатҳи байналмилалӣ мегарданд.      
Web Design MymensinghPremium WordPress ThemesWeb Development