Равобити мо

Home / Равобити мо
    Муассисаи таълимии давлатии «Мактаби байналмилалии Президентӣ» дар ш. Душанбе  бо як қатор сафоратхонаҳо ва донишгоҳҳои байналмилалӣ ҳамкориро ба роҳ мондааст: - Сафорати Покистон дар Тоҷикистон - Сафорати Тоҷикистон дар Британияи Кабир -Сафорати Иттиҳоди Муттаҳидаи  Амрико дар Тоҷикистон - Маркази барномаҳои байналмилалии Вазорати  Маориф ва илми Ҷумҳурии  Тоҷикистон -Вазорати Маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахши равобити байналмилалӣ - Шӯрои мактабҳои байналмилалӣ - Донишгоҳи Кембриҷ           Маҳз  натиҷаи ҳамкориҳои пайваста буд,  ки  аз соли 2012 то ба имрӯз 20 нафар омӯзгорон аз хориҷи кишвар: Покистон, Ҳиндустон, Филиппин, Британияи Кабир, Иттиҳоди Муттаҳидаи Амрико, Руссия, Қазоқистон ва Туркиё  бо мактаби мо ҳамкорӣ  намуда, имрӯз  низ  фаъолият доранд.      Аз соли таҳсили 2012 то 2015 87 нафар хонандагон Муассисаи таълимии давлатии «Мактаби байналмилалии Президентӣ»-ро хатм карданд. 35 нафар хатмкунандагони мактаб  на танҳо дар дохили кишвар балки дар донишгоҳу донишкадаҳои олии хориҷи кишвар  аз ҷумла :  Полша, Хитой, Маскав, Кипр, Англия  ва дигар мамлакатҳо таҳсил карда истодаанд.         
Web Design MymensinghPremium WordPress ThemesWeb Development