Санъати тасвирӣ

Home / Санъати тасвирӣ
   Фанни санъати тасвирӣ аз тарафи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон барои сайқал додан ва баланд бардоштани тарбияи психологӣ ва зебоипарастии хонандагон дар барномаи таълимӣ  ҷой дода шудааст. Дар «Мактаби байналмилалии Президентӣ» фанни  санъати тасвирӣ барои синфҳои 1-4 (расм ва меҳнат)  ҳафтае ду соат, барои  синфҳои 5-7 (расм ва ороиш) ҳафтае 1 соат таълим дода мешавад.   Фанни санъати тасвириро дар  ин маскани илму маърифат ду нафар омӯзгорони  боистеъдод ва ботаҷриба, ки яке мутахассиси ватанӣ Абдуалимов Қаҳрамон Маҳмадшарифович ва дигаре  Швета Навин  Кумар Ҷейн, ки аз кишвари Ҳиндустон аст, ба хонандагон меомӯзонанд. Натиҷаи заҳмати омӯзгорони хушсалиқа буд, ки шогирдонашон  дар озмунҳои шаҳриву Ҷумҳуриявӣ  сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гардиданд:
  1. Шарипов Диловар хонандаи синфи 7 «С», дар озмуни ҷумҳуриявии «Шаҳри бехатар аз нигоҳи кӯдак 2015» сазовори ҷойи якум гардид.
  2. Бахтиёрзода Самира ва Лутфуллоев Меҳрон хонандагони синфи
  5 «А»  дар озмуни телевизионии «Парчамат бодо парафшон Тоҷикистон»  ѓолибият ба даст оварданд. Дар мактаб маҳфили «Рассомони ҷавон»  фаъолият дорад. Аъзоёни маҳфил  хонандагони синну соли гуногун буда, нафароне ҳастанд, ки ба расмкашиву расмороӣ шавқу завқи беандоза доранд. Маҳфил  ҳафтае ду маротиба , рӯзҳои  сешанбе ва панҷшанбе  гузаронида мешавад.            
Web Design MymensinghPremium WordPress ThemesWeb Development