Мактаби миёна

Home / Мактаби миёна
  Агар мактаби ибтидоӣ  заминаи асосии донишандӯзии хонандагон ба ҳисоб равад, мактаби миёна донишу малакаи хонандагонро мукаммал намуда, барои рушду инкишофи фитрии хонандагон мусоидат менамояд. Дар мактаби миёна 336  нафар хонандагон таҳсил менамоянд, ки 15 нафарашон шаҳрвандони хориҷи кишвар ҳастанд. Ба муҳассилин  42 нафар омӯзгорони ботаҷриба, ки тариқи озмун ба кор қабул шудаанд,  таълиму тарбия медиҳанд. 13 нафар омӯзгорон аз кишварҳои хориҷ аз Ҳиндустон,Покистон, Туркиё   даъват шудаанд. 3 нафар омӯзгорони маҳаллӣ номзади илм, 7 нафар Аълочии маориф,18 нафар дорои   дараҷаи тахассуси олӣ ва 12 нафарашон дорои дараҷаи тахассуси якум мебошанд.  Омӯзгорон дар асоси барномаи таълимии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барномаи таълимии  Оксфорду Кембриҷ ба хонандагон таълим мдиҳанд.Устодон аз усулҳои  иноватсионии таълим (актив, интерактив)  истифода менамоянд, дар раванди омӯзиш  дарсҳои ҳамгироӣ ба назар мерасад. Забони омӯзиш забони англисӣ буда, фанҳои забони тоҷикӣ, адабиёт, таърихи халқи тоҷик, асосҳои давлат ва ҳуқуқ, географияи  Тоҷикистон бо забони тоҷикӣ таълим дода мешавад. Ҳафтае 3 маротиба хонандагон бо омӯзиши забони русӣ машѓул мешаванд.    Азбаски забони омӯзиш  забони англисӣ аст, хонандагон  фанҳои математика, алгебра, геометрия, физика, химия, биология, географияи ҷаҳон, таърихи ҷаҳон, таърихи дин, технологияи иттилоотӣ, санъати тасвирӣ, суруд ва тарбияи ҷисмониро бо  забони англисӣ меомӯзанд. Дар баробари ин хонандагон дар як ҳафта 10 соат ба омӯхтани забони англисӣ машѓул хастанд. Хонандагон баъд аз  хатми синфи  9-ум  мувофиқи завқу истеъдодашон ба се равия:  умумӣ, табии риёзӣ,  ҷамъияти гуманитарӣ  тақсим карда мешаванд. Дар «Мактаби байналмилалии Президентӣ» Академияи хурди илмҳо  амал мекунад, ки аз ду бахш иборат аст:
  1. Бахши фанҳои гуманитарӣ
  2. Бахши фанҳои дақиқ
  Мақсади асосии Академияи хурди мактабӣ- ҷалб намудани хонандагони синфҳои 5-11 ба корҳои илмӣ – тадқиқотӣ мувофиқ ба шавқу раѓбати  онҳо мебошад.  Маҳфилҳои эҷодиву фаннӣ  сатҳи дониши хонандагонро мукаммал намуда, малакаи онҳоро сайқал медиҳад. Маҳз натиҷаи заҳмати пайвастаи омӯзгорон  буд, ки сол то сол шумораи довталабон  зиёд шуда истодааст. Шумораи хонандагон барои таҳсил дар «Мактаби байналмилалии Президентӣ» аз оѓоз  то ба имрӯз чунин аст : Соли таҳсили 2012-2013                           329 нафар Соли таҳсили 2013-2014                           458  нафар Соли таҳсили 2014-2015                           484  нафар Дар оѓози соли таҳсили 2015-2016        550  нафар Қабул дар соли таҳсили 2015-2016  чунин аст: Ҳамагӣ:  171 нафар Синфи 1: 60 нафар Синфҳои  2 то 11: 111 нафар Шумораи синфҳо  дар соли таҳсили 2015-2016 чунин  аст: Синфи 5- 3 гурӯҳ, 5 «A», «B», «C» Синфи 6- 4 гурӯҳ, 6  «A», «B», «C»,« D»                            Синфи 7- 3 гурӯҳ, 7 «A», «B», «C»                                                                                     Синфи 8- 3 гурӯҳ, 8 «A», «B», «C»,« D»                                                                                                                                                      Синфи 9- 4 гурӯҳ, 9  «A», «B», «C»,« D»                                                                                                                                                                                              Синфи 10- 4 гурӯҳ  10 «A», «B», «C»,« D»   Синфи 11- 3 гурӯҳ  11 «A», «B», «C»            Дар мактаб маркази тестӣ амал намуда, барои беҳдошти сифати таълим соле  4 маротиба мониторинги сифати  таҳсилот гузаронида мешавад. Хонандагон тавассути компютер имтиҳон месупоранд. Натиҷаи имтиҳонҳо таҳлилу баррасӣ гардида, барои  хонандагони сустхон  дарсҳои иловагӣ гузаронида мешавад. Инчунин иштироки хонандагон дар олимпиадаҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ, натиҷаи корҳои эҷодии хонандагон дар лоиҳаҳои илмӣ хуб ба назар мерасад. Корҳои берун аз синфӣ  ба роҳ монда шуда, фаъолият ва натиҷаи маҳфилҳо  назаррас аст.
Web Design MymensinghPremium WordPress ThemesWeb Development