Мактаби ибтидоӣ

Home / Мактаби ибтидоӣ
                                 Мактаби ибтидоӣ  заминаи асосии донишандӯзии хонандагон ба ҳисоб меравад. Дар мактаби ибтидоӣ 217 нафар хонандагон таҳсил менамоянд, ки 5 нафарашон шаҳрвандони хориҷи кишвар ҳастанд. Ба толибилмон  17 нафар омӯзгорони ботаҷриба  таълиму тарбия медиҳанд. Ду нафари онҳо  аз хориҷи кишвар, яъне аз Ҳиндустон, даъват шудаанд. Омӯзгорон дар асоси барномаи таълимии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барномаи таълимии  Оксфорду Кембриҷ ба хонандагон дарс мегӯянд. Омӯзгорон  аз методҳои  иноватсионии таълим (актив, интерактив)  истифода мебаранд. Забони омӯзиш забони англисӣ буда, ҳафтае 3 (се) маротиба  забони тоҷикӣ ва забони русӣ омӯзонида  мешавад. Азбаски забони омӯзиш  забони англисӣ аст, хонандагон  фанҳои математика, санъати тасвирӣ, ҷомеашиносӣ, табиатшиносӣ, суруд ва тарбияи ҷисмониро бо  забони англисӣ меомӯзанд. Дар баробари ин хонандагон дар як ҳафта 10 соат ба омӯхтани забони англисӣ машѓул ҳастанд. Барои нигоҳдошти бехатарӣ, таъмини  шароити  мусоид  ва мукаммалгардонии сатҳи дониши хонандагон 14 нафар  ёварон  ҳамчун кӯмакрасон барои омӯзгорон фаъолият доранд.  Дар мактаби ибтидоӣ  хонандагон  аз синфи 1-ум то синфи 4-ум таҳсил мекунанд.  Шумораи синфҳо ва дар соли таҳсили 2015-2016 чунин аст: Синфи 1- 4 гурӯҳ, 1«A», «B», «C»,« D» Синфи 2- 3 гурӯҳ  2 «A»,«B»,«C»  Синфи 3- 4 гурӯҳ  3 «A», «B», «C»,« D»  Синфи 4 -3гурӯҳ 3«A»,«B»,«C»  Хонандагон дар баробари таҳсил имконияти инкишофи ҳамаҷониба, эҷодкорӣ, фикрронии интиқодӣ, омӯхтани донишҳои базавиро  ба даст меоранд.   Баҳри инкишофи нутқи хонандагон бо се  забон: забони тоҷикӣ, забони русӣ ва забони англисӣ «Reading club» ташкил карда шуда, хонандагон ҳикояҳои  хондаашонро  муҳокима намуда, шоми ҳисоботи эҷодӣ  ташкил мекунанд.   Барои инкишофи эстетикии  хонандагон   маҳфилҳои рассомони ҷавон, «Young  Illustrators» ташкил шудааст. Инчунин озмунҳои эстетикиву эҷодӣ  аз қабили «Маликаи  тирамоҳ», «Беҳтарин мусаввара» гузаронида шудаанд.      Барои  баланд бардоштани сатҳи дониши хонандагон  дар як сол 4 маротиба мониторинг гузаронида мешавад.  Дар асоси натиҷаи мониторинг дарсҳои иловагӣ  аз ҳамаи фанҳо ташкил ва гузаронида мешавад.                                          
Web Design MymensinghPremium WordPress ThemesWeb Development