- Ҳадафи Мактаби байналмилалии Президентӣ фароҳамоварии таълими махсуси байналмилалиест, ки дар пешрафт ва сайқал додани истеъдоди фитрии хонандагон мусоидат менамояд;
- Омӯзиш бо забони англисӣ ҳамчун забони байналмилалӣ сурат мегирад, зеро он мисли як калиди вурудӣ ба олами равобиту иртиботи ҷаҳонӣ маҳсуб мешавад;
- Шахсият ва фарҳангу тамаддуни ҳар як хонандаро ба эътибор гирифта, барои донишандӯзу илмдӯст будан ташвиқу тарғиб мекунад;
- Хонандагонро барои зиндагӣ намудан дар ҳама гуна навъи ҷомеа новобаста аз гуногунии и ҷтимоию фарҳангӣ омода месозад;
- Мактаб масъул аст, ки талаботу ниёзҳои хонандагонро дар раванди омӯзишу таълим ва ҷараёни тағйирёбии иҷтимоиву фарҳангии имрӯза муқаррар намояд;
- Умедворем, ки хонандагон дар асоси ҳамдигарфаҳмӣ ва эҳтироми дуҷониба дар пешрафту тараққиёти ин ҷомеа саҳми арзандаи худро мегузоранд.