Маълумоти умумӣ

Home / Маълумоти умумӣ
baner23 
Муассисаи таълимии давлатии «Мактаби байналмилалии Президентӣ» бо  қарори  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31-уми майи соли 2012, таҳти рақами 282 таъсис дода шуда, он 1-уми сентябри соли 2012 дар пойтахти ҷумҳурӣ аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон ифтитоҳ  гардидааст.
Нақшаи таълимии Мактаби байналмилалии Президентӣ бо назардошти   стандартҳои байналмилалӣ ва стандартҳои  таҳсилоти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия гардидааст.Илова бар он, мактаб тибқи дастур ва фармоишҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро ба роҳ мондааст.  Мактаби байналмилалии Президентӣ  бо шароитҳои муосири таҳсилу омӯзиш, иҷтимоиву маишӣ, техникиву бехатарӣ таъмин мебошад. Китобҳои дарсӣ аз нашриётҳои Донишгоҳи Кембриҷ ва Оксфорди Британияи Кабир харидорӣ шудаанд.Раванди таълим асосан бо забони англисӣ сурат мегирад.   Мактаб имконияти фарогирии 640 нафар хонандаро дорад. Соли 2014-2015  486 нафар  хонанда дар муассисаи мазкур таҳсил намуданд.  Дар оғози  соли таҳсили 2015-2016, бошад шумораи хонандагон зиёда   аз 550  нафарро ташкил мекунад.     Дар мактаб ба ҷузъ аз шаҳрвандони Тоҷикистон, хонандагон аз кишварҳои хориҷ, аз ҷумла  Покистон, Ҳиндустон, Эрон, Хитой, Арманистон, Афғонистон  ба таҳсил фаро гирифта шудаанд. Мактаби байналмилалии Президентӣ дар асоси талаботҳои  Конститутсияи  Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи  маориф», амру фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва дигар санадҳои меъёриву ҳуқуқии байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон онро эътироф намудааст, фаъолият менамояд. Дар мактаб базаи хуби технологияи муосири  таълим муҳайё гардидааст: 4  синфхонаи компютерӣ, 25  тахтаи электронӣ , 16  синфхонаи лингафонӣ, 9  лабораторияҳои фаннӣ   7 синфхонаи муҷаҳҳази фаннӣ 169 компютер дар ихтиёри омӯзгорон ва хонандагон  аст.
Web Design MymensinghPremium WordPress ThemesWeb Development